03:35 23 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Медицинская капельница. Архивное фото

Гулбаҳор Ғаффорова, ҳунарманди собиқи “Хандинкамон” ба ҳуш омад

CC BY 2.0 / marissa anderson / hospital
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Гулбаҳор Ғаффорова, ҳунарманди собиқи гуруҳи ҳаҷвии “Хандинкамон”, ки дар пайи як садама дар рӯзи 13 апрел ҷароҳат бардошта, бо ҳолати кома дар бемористон бистарӣ шуд, 15 апрел ба ҳуш омадааст.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Гулбаҳор Ғаффорова, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик, ки дар пайи як садамаи нақлиётии шоми 13-уми апрел дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи шаҳри Хуҷанд бо ҳолати кома бистарӣ шуда буд, ба ҳуш омадааст, менависад оҷонсии "Озодагон".

Фатҳуллло Абдуллоев, раҳбари гурӯҳи ҳаҷвии "Доно ва Коно", ки феълан Ғаффорова он ҷо фаъолият мекунад, ба оҷонсӣ хабар додааст.

Абдуллоев, 15-уми апрел дар суҳбат бо оҷонсӣ гуфтааст, вазъи сиҳатии Гулбаҳор аллакай беҳтар шудааст ва ҳамроҳи писараш сиҳату саломатанд.

"Ҳамин ҳоло аз наздаш, аз хабаргирии ӯ баромадам, саломатияш беҳтар шудааст, табибон низ гуфтанд, аллакай аҳволаш хуб шудааст, фақат барои табобати қабурғаҳояш 10-15 рӯзи дигар дар беморхона мемонаду ҳамроҳи писараш ҷавобаш медиҳанд", — афзудааст Абдуллоев.

Раҳбари гуруҳи "Доно ва Коно" илова кардааст, садамаи шоми 13-уми апрел, дар ҳоле рух додааст, ки худи Гулбаҳор сари фармони мошин ҳамроҳи писараш дар роҳ ба сӯи хонаашон ҳаракат доштаанд.

"Ба писарчааш, ки дар садама ҳамроҳаш будааст, осебе нарасидааст", — гуфтааст Абдуллоев.

Гулбаҳор Ғаффорова, аълочии фарҳанги Тоҷикистон, зодаи шаҳри Исфара мебошад, ки дар гузашта дар театр-студияи "Хандинкамон"-и Хуҷанд кор карда, ахиран ба гуруҳи "Доно ва Коно" пайваст.

Барчаспҳо:
сиҳатӣ, вазъ, бемористон, ба ҳуш омадан, кома, нақлиёт, ҷароҳат, садама, "Доно ва Коно", "Хандинкамон", Фатҳуллло Абдуллоев, Гулбаҳор Ғаффорова, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ