22:24 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Расми Садриддин Айнӣ. Акс аз бойгонӣ

Лутфия Айнӣ, духтари устод Садриддин Айнӣ даргузашт

© Sputnik / РИА Новости
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Духтари хурдии Садриддин Айнӣ – Лутфия Айнӣ дар синни 83-солагӣ дар Душанбе даргузаштааст.

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Луфия Айнӣ, духтарии хурдии устод Садриддин Айнӣ — асосгузори адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон, рӯзи 7 май дар сини 81- солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт, хабар додааст "Радиои Озодӣ".

Абдулҳамид Самадов, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ба радио гуфтааст, маросими видоъ бо Лутфия Айнӣ соати 12-и рӯзи 8 май дар манзилаш баргузор мешавад.

Сипас намози ҷанозаи ӯ дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе хонда мешавад. Лутфия Айнӣ соли 1934 таваллуд шуда ва дар Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи Илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекард. Аз ӯ ба унвони яке аз муҳаққиқони шинохтаи санъати муосири тоҷик ном бурда мешавад, ки аз худ дар ин соҳа осори зиёде боқӣ гузоштааст. Аз ин қабл дар моҳи августи соли 2010 ягона писари устод Айнӣ — Камолиддин Садриддинзода Айнӣ, бар асари бемории сактаи майна ё хунрезии мағз, дар синни 83 солагӣ, даргузашта буд.

Барчаспҳо:
синни 83-солагӣ, духтари хурдии Айнӣ, даргузашт, Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи Илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Абдулҳамид Самадов, Лутфия Айнӣ, Садриддин Айнӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ