Сафар Абдуллоҳ бо нишони тиллоӣ қадрдонӣ шуд

Обуна шудан
Ин нишон ба донишманди тоҷик дар асоси фармони раисҷумҳури Қазоқистон тақдим гардидааст.

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон аз сӯи Анҷумани мардуми ин кишвар, ки раҳбарии онро Нурсултон Назарбоев бар уҳда дорад, бо нишони тиллоии "Ваҳдат" қадрдонӣ шудааст, менависад хабаргузории "Озодагон".

Рӯзи 20 май зимни маросиме таъкид гардидааст, ки ин нишон ба хотири саҳми бузурги Сафар Абдуллоҳ дар рушди фарҳанг ва таҳкими дӯстиву рафоқат миёни мардум тақдим мешавад.

Гулрухсор Сафиева. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Китоби Гулрухсор барандаи ҷоиза шуд

Ба гуфтаи Бекпӯлод Тошпӯлодов, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Алмаато, ин нишон ба донишманди тоҷик дар асоси фармони раисҷумҳури Қазоқистон тақдим гардидааст. Тошпӯлодов мегӯяд, ин иқдом барои ҳамаи тоҷикони муқими Қазоқистон боиси ифтихор мебошад. Ӯ таъкид кардааст, Сафар Абдуллоҳ бо пажуҳишҳои пурарзиш ва кору осори хеш дар рушди фарҳанги Қазоқистон ва нерӯманд гардидани дӯстӣ байни ақвоми ин сарзамин саҳми арзанда гузошта, мояи ифтихори тоҷикони ин минтақа аст.

Сафар Абдуллоҳ аз ҷумлаи шахсиятҳои камназирест, ки дар бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар хидмати мондагор мекунад. Ӯ профессори Донишгоҳи забонҳои ҷаҳон ва равобити байналмилалии ба номи Абилайхони Қазоқистон, бунёдгузор ва сардабири фаслномаи "Эроннома" ба забони русӣ ва ҳамчунин мудир ва сардабири нашриёти "Китобхонаи Олҷас" буда, беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳонро дар ин нашриёт ба чоп расонидааст.

Сафар Абдуллоҳ муаллифи даҳҳо асари пурарзиши илмӣ ва адабӣ монанди "Нури сухан", "Магические мосты", "Магия Слова", "Муъҷизаи Наврӯз", "Марсияи Хуршед", "Рӯшаноии сухан", "Фарҳанги тахассусии русӣ форсӣ ва форсӣ русӣ", "Каталог персоязычных рукописей" ва ғайра мебошад. Бо талоши ӯ дар нашриёти "Китобхонаи Олҷас" дар қатори беҳтарин осори суханварони ҷаҳон, гузидаи чанд шоиру нависандаи тоҷик монанди Муъмин Қаноат, Темур Зулфиқоров ва Баҳманёр ба чоп расидааст.

Лентаи хабарҳо
0