17:21 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Глиняная посуда VI века, найденная при раскопках в Таджикистане

Ғолибони озмуни осорхонаҳои Хатлон муайян шуданд

© Sputnik / Александр Моклецов
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Ба навиштаи радио, ин озмун дар ҳоле барпо мешавад, ки аксари осорхонаҳои вилоят дар ҳолати ногувори корӣ қарор дошта, барои нигаҳдори осори нодир шароити дурст надоранд.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Озмуни "Осорхона-оинаи таърих" осорхонаҳои беҳтаринро дар вилояти Хатлон муайян намуд, менависад "Радиои Озодӣ".

Ин озмун бо ташаббуси осорхонаи таърихию кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи "Авасто" миёни осорхонаҳои шаҳру навоҳии ин вилоят баргузор шуд.

Аз осорхонаи вилоятии "Авасто" ба радио иттилоъ додаанд, ки ҳадаф аз баргузории озмун муайян кардани осохонаи беҳтарин ва ҷалби бештари мардум ва ошноӣ ба осори гаронбаҳои мардуми тоҷик будааст.

Дар ин озмун 14 осорхона ширкат карданд ва ҷойи аввал ба осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Фархор муносиб дониста шуд. Ҷойи дуюм насиби осорхонаи кишваршиносии ноҳияи Ховалин шуд ва ҷои савумро ба осорхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа ва Қубодиён сазовор донистанд.

Осорхонаҳои беҳтарин, ки дар ин озмун иштирок доштаанд, аз 200 то 500 сомонӣ ҷоизаҳои молӣ гирифтаанд. Баргузории озмуни осорхонаи беҳтарин дар Хатлон дар ҳолест, ки дар аксари шаҳру навоҳӣ осорхонаҳо дар ҳолати ногувори корӣ қарор дошта, барои нигоҳдории осори қадимаю нодир имкон надоранд.

Барчаспҳо:
ғолиб, ҷойи аввал, осорхонаҳо, озмун, "Авесто", Фархор, Ховалинг, Қурғонтеппа, Хатлон

Мавзӯъҳои асосӣ