18:28 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
«Tajikistan, Peoples & Landscapes»

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Предоставлено Nicolas Pernot
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон рӯзи 8 июн дар Филармонияи миллии Қирғизистон сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Ҳафтаи оянда Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон баргузор мешавад, менависад "Радиои Озодӣ".

Тилофат Шоева, як масъули дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 4 июн зимни тасдиқи ин хабар ба радио гуфтааст, ки тибқи барнома Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон аз 7 то 13 июн баргузор мегардад.

Хонум Шоева афзудааст, ки ба манзури ширкат дар ин чорабинии фарҳангӣ, аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳайати беш аз 40-нафара дар раъси Ибодулло Машрабов, муовини аввали вазири фарҳанг сафар хоҳад кард. Ба гуфтаи ин масъул, ҷониби Тоҷикистонро, ки ҳунармандону фарҳангиён ва аҳли адаб ташкил медиҳад, бо барномаи рангине хотири ширкатдорони Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистонро шод хоҳанд кард.

Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон рӯзи 8 июн дар Филармонияи миллии Қирғизистон сурат мегирад. Баъдан баргузории намоишгоҳи наққошон ва мусаввирони тоҷик дар Осорхонаи миллии Қирғизистон ва филмҳои синамогарони тоҷик дар Хонаи Кинои ба номи Чингиз Айтматов дар назар аст.

Ба ин тартиб, маросими итмоми Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон рӯзи 12 июн дар Театри опера ва балети ин кишвар дар назар аст, ки шомили барномаи консертӣ хоҳад буд.

Барчаспҳо:
сафар, молҳои зардузӣ, тарона, суруд, Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Тилофат Шоева, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ