Дар Бишкек Рӯзи синамои тоҷик баргузор мешавад

© Sputnik / Олег ЛасточкинБишкек. Акс аз бойгонӣ
Бишкек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон идома дорад ва сокинони кишвари ҳамсоя филмҳои коргардонҳои ҷавони тоҷикро тамошо карда таронаҳо ва оҳангҳои овозхонҳои саршиноси кишварро мешунаванд.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон 10 июн дар Коҳи синамои Бишкек намоиши филмҳои тоҷикӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад сомонаи Kyrgyzcinema.

Дар ин рӯз ба алоқамандони тамошои синамои Қирғизистон филмҳои коргардонҳои ҷаовни тоҷик Диловар Султонов ва Шарофат Арабова намоиш дода мешаванд.

Филми кӯчаки "Гунҷишкаки сафед"-и Султонов аз рӯйи асари ҳамноми Сайф Раҳимзода таҳия шудааст.

"Ин филм дар рустои Петеи ноҳияи Айнӣ ба навор гирифта шуда дар бораи писараке қисса мекунад, ки дар ҷаҳони кӯчаки шоиронаи худ зиндагӣ мекунаду ва ҳарчанд ҳарфе зада наметавонад, вале ин амр барояш барои дарки ҷаҳони атроф мушкил эҷод намекунад. Вай дар ботини худ имкониятҳои номаҳдудеро эҳсос мекунад — ҳатто мисли паррандаҳо парвоз кардану аз Моҳ гул чиданро", — зикр шудааст дар сомонаи синамои Қирғизистон.

Ба таҳияи ин филми 20 дақиқагӣ тиме иборат аз афроди саршиноси синамои тоҷик ва эронӣ заҳмат кашидаанд: муаллифи таҳиякунанда коргардони саршиноси эронӣ Мӯҳсин Махмалбоф аст, бастакор ва овозхони саршиноси тоҷик Далер Назаров барои ин филм мусиқӣ эҷод кардааст, таҳиякунандаи ин филм ҷоизадори озмунҳои зиёди байналмиллалӣ дар бахши синамо Носир Саидов мебошад.

"Гунҷишкаки сафед" шоҳҷоизаи озмуни синамои байналмиллалӣ барои филмҳои кӯдакона ва наврасонро дар Тюмен (соли 2014) ба худ ихтисос додааст, ширкаткунандаи озмунҳои филмҳои кӯчак дар Бусан (Кореяи Ҷанубӣ), озмуни YI "Дидор" дар Душанбе ва озмуни "Қирғизистон — кишвари филмҳои кӯчак" мебошад.

Коргардони ин филми кӯчак Диловар Султонови 33 сола шогирди мактаби синамои Махмалбоф ва фориғултаҳсили Академияи синамои Осиё (Кореяи Ҷанубӣ" мебошад. "Гунҷишкаки сафед" — нахустин асари мустақилонаи вай аст.

Филми дуввуме, ки пагоҳ дар Бишкек намоиш дода мешавад — "Тасфия"-и Шарофат Арабова аст, ки низ дорандаи ҷавоизи чанд озмуни синамо мебошад. Ин филм аз рӯйи асари адиби тоҷику рус Тимур Зулфиқоров "Рашк" таҳия шудааст.

Ҳунармандони саршинос назири Хуршед Мустафоев, Шералӣ Абдулқайсов ва Ваҳҳоб Дӯстов дар ин филм нақшҳо иҷро кардаанд.

"Беш аз 50 сол қабл дар зербаноҳои синамоии як рустои кӯҳистонӣ Шамсу Меҳрии ошиқ сайругашт мекарданд. Меҳрӣ дар пайи лаҳзаи шайтонӣ қавли зани бовафо будани худро вайрон мекунаду дар як шаб зиндагии Шамсро раддубадал месозад ва онро ба як маҳзака табдил дода то ба одамкушӣ меорад. Ба гуноҳи худ тоқат накарда Шамс ба роҳи ислоҳ меравад ва бо хидмати худ талош мекунад, ки гуноҳашро бишӯяд ва дар ин ҷода бо "МАН"-и худ рӯбарӯ мешавад", — омадааст зимни тавсифи ин филм дар сомонаи Kyrgyzcinema.

Ин нахустин филми Шарофат Арабоваи 29 сола нест, ки фориғултаҳсили бахши коргардонии синамои Донишкадаи синамо ва телевизиони Ҳинд (FTII) ва Фарҳангистони синамои Осиё (AFA) мебошад. То ин замон вай 5 филми кӯчак ба забонҳои англисӣ ва ҳиндӣ ба навор гирифтааст.

Филми вай "In Between" ("Дар миёни") соли 2013 дар чанд озмунҳои синамо дар Ҳинд ва Қирғизистон намоиш дода шудааст. Ин офаридааш ҷоизадори Озмуни III байналмиллалии синамои кишварҳои ИДМ, кишварҳои назди Балтика ва Гурҷистон "Қирғизистон — кишвари филмҳои кӯчак" дар Бишкек шуда буд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон дар Бишкек 7 июн оғоз шуда то 14 июн идома хоҳад ёфт. Барои муъаррифии фарҳанги тоҷик ба пойтахти Қирғизистон ҳайъате иборат аз 40 нафар дар раъси муъовини вазири фарҳанг Ибодулло Машрабов сафар кардааст.

Дар ин рӯзҳо дар пойтахти Қирғизистон ва шаҳри Қара Болта бо барномаҳои фарҳангӣ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Раҳматулло Ҳошимов, Шӯҳрат Сайнақов ва дастаи "Фалак"-и вай, овозхони ҷавон Таҳмина Ниёзова ва ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Хайрӣ Ватанова ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ба ҷуз аз барномаи ҳунарӣ ва намоиши филмҳо дар Рӯзҳои фарҳанг ҳамчунин намоишгоҳи наққошон ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0