Диншинос: закотро Худо фарз гардонида аст

© Sputnik / Артем Креминский / Гузариш ба медиабонкМусалмонҳо ҳангоми намоз дар моҳи Рамазон. Акс аз бойгонӣ
Мусалмонҳо ҳангоми намоз дар моҳи Рамазон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳанӯз дар ибтидои вуруди моҳи Рамазон нисоб ва ё ҳадди закотро барои мусалмонони Тоҷикистон 12 ҳазору 200 сомонӣ эълон карда буд. Яъне, ҳар мусалмоне, ки дар манзилаш ҳамин миқдор маблағи пасандоз дорад, бояд аз 305 сомониашро барои фақирон бидиҳад.

Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳанӯз дар ибтидои вуруди моҳи Рамазон нисоб ва ё ҳадди закотро барои мусалмонони Тоҷикистон 12 ҳазору 200 сомонӣ эълон карда буд. Яъне, ҳар мусалмоне, ки дар манзилаш ҳамин миқдор маблағи пасандоз дорад, бояд аз 305 сомониашро барои фақирон бидиҳад.

Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Фазилатҳои моҳи Рамазон

Саъдӣ Ворисов, диншинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи аҳамият ва ҷойгоҳи закот сӯҳбат кард.

Оқои Ворисов дар робита ба ин ки додани закот кай фарз ё ҳатмӣ шудааст, гуфт, санаи фарзияти закот ихтилоф дорад. Баъзе уламои Ислом мегӯянд, ки дар соли д  2 (дуввум)-и ҳиҷрӣ ва иддае ҳам бар инанд, ки закот ҳанӯз дар замоне ки Паёмбар (с) дар Макка буд, фарз шуда буд.

"Оёту ривоёте низ инро таъйид мекунанд. Зоҳиран, дурусташ ин аст, ки закот дар Макка фарз шуд, аммо ба маънои як хайри ҳатмӣ буд ва дар Мадина баъди ҳиҷрат закот ба як ибодати дорои мушаххасот фарз шуд. Ба ин маъно ки бар кӣ фарз мешавад ва бар кӣ не ва аз чӣ моле бояд закот доду аз кадомаш не ва бар кӣ бояд закот доду бар кӣ не", — меафзояд ҷаноби Ворисов.

Аз вай пурсидем, ки чӣ далоиле барои фарзияти закот мавҷуд аст? Гуфт, Қуръон пур аст аз оятҳоест, ки васфи мӯъминон бо "намозу закот" мекунанд. Вале барои исботи фарзияти закот мешавад ба оятҳои зерин аз сураи Бақара 43, 83 муроҷиат кард.

"Дар ояти 43 омадааст: "Ва ақиму салота ва оту заккота варкаъу маъа рокиъйин". Яъне: Намоз бигзоред, закот бидиҳед ва бо саҷдагузорон саҷда кунед. Ва дар ояти 83 низ гуфта шудааст: "Ва изо ахазно мисоқа бани исроила ло таъбудуна илла ллоҳа ва билволидайни иҳсонан ва зилқурба валятама вал масокини вақулулиннаси ҳуснан ва ақиму салата ва оту закота сума тавалайтум илла қалилан минкум ва антум муъризун". Яъне, Худованд инҷо ҳам мусалмононро даъват мекунад, ки аз моли худ закот бидиҳанд", — илова мекунад диншинос.

Дар идома аз вай пурсидем, ки чаро бояд закот дод? Посух дод, ки чун фарзу қарзи Худост.

"Чун рукни дину пояи Ислом аст. Чун ҳаллоли мушкилоти фақру нодорӣ аст", — илова кард Саъдӣ Ворисов.

Яке аз суолҳои дигаре, ки ҳар мусалмон мехоҳад посух бигирад, ин аст: кӣ бояд закот бидиҳад?

Бозори Шоҳмансур-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷири бозори “Саховат” дар Рамазон нархи маҳсулоташро поин бурд

"Ҳар мусалмоне, ки пасандозаш ба нисоб, яъне 12 ҳазору 200 сомонӣ ва бештар аз он расида бошаду як сол бар он гузашта бошад, бояд закот бидиҳад", — мегӯяд ҷаноби Ворисов.

Табиист, ки агар ҳар шаҳрванде қавонини кишварашро риоя накунад, муҷозот хоҳад шуд. Аммо мусалмоне, ки қонунҳои динниашро риоят намекунад, аз ҷумла закот намепардозад, чӣ муҷозоте дар интизораш аст?

Ин диншинос посух дод, ки дар ҳукумате, ки қонунҳои шаръӣ, яъне қонунҳои динӣ дорад, ҳоким ҳақ дорад бо истифода аз зӯр аз он шахс закот биситонад ва муҷозоташ ин аст, ки нисфи молаш мусодира хоҳад шуд.

"Агар як гурӯҳе ё минтақае сарпечӣ кунанд, ҳокими мусулмон алайҳи онҳо ҷанг эълон мекунад. Аммо дар қиёмат тарки закот ин тарки як фаризаи илоҳӣ буда, аз гуноҳони кабира ба шумор меравад ва тарккунандаи он ҷаҳаннамист", — илова мекунад Саъдӣ Ворисов.

Мутаносибан, оне ки закот медиҳад, чи аҷре мегирад? Дар робита ба ин суол ин диншинос посух дод, ки "аҷри адои як фаризаи илоҳӣ, аҷри хидмат ба ҷомеъа, аҷри кушодани даричаи умед бар рӯйи мӯҳтоҷону фақирон ва иншоаллоҳ дар охират аҷраш ҷаннат аст".

Ва аммо дар баробари маблағи нақд аз чӣ дороии дигар бояд закот пардохт? Саъдӣ Ворисов мегӯяд, аз тилло, нуқра, молу чорво низ бояд закот дод. Ба фарзи мисол, агар як деҳқон ва ё деҳотӣ дар манзилаш 5 сар гов дошта бошад, ки арзиши умумии онҳо дар бозор бештар аз 12 ҳазору 200 сомонӣ баровард шавад, бар вай фарз аст, ки 305 сомонӣ закот диҳад.

Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар моҳи Рамазон фурӯши маҳсулот бо нархи арзон роҳандозӣ мегардад

Суоли навбатии мо аз ин диншинос дар бораи ҳаққи дарёфти закот буд. Вай посух дод, ки "фақирон, мискинон ва кормандони соҳаи садақаву закот ва ғайри динҳое, ки дилгармӣ ба Ислом доранд, ғуломон, қарздорон, онҳое ки дар роҳи Худо меҷанганд ва роҳгузарҳо ҳаққи дарёфти закотро доранд".

Мутаносибан, аз вай пурсидем, ки кӣ ҳаққи дарёфт кардани закотро надорад?

Бино бар муқаррароти дини Ислом, онҳое ки ба гуруҳҳои дар боло зикр шуда шомил намешаванд ва ҳамчунон онҳое, ки маошу даромади кофӣ доранд ва саломативу ҷисми солим ва имконияти кор карданро доро ҳастанд. Ин тоифа ҳақ надоранд закот дарёфт кунанд.

Шояд ин суол аз зеҳни бисёриҳо бигзарад, ки бисёрии онҳое, ки сарватманд ҳастанд, даромади қонунӣ доранд, дар давлат андоз месупоранд. Оё бар эшон ҳам пардохти закот ҳатмӣ аст? Айни ин суолро мо аз ҷаноби Ворисов кардем.

"Закоту андоз комилан ду мафҳуми аз ҳам ҷудо ҳастанд. Андоз як маблағи ҳатмие ҳаст, ки тақрибан аз ҳама дороии шаҳрванд ба таври ҳатмӣ аз тарафи давлат ситонида мешавад ва ҳатто аз маошу мошин ҳам. Андоз ба давлат супорида мешавад, вале закот ба нодорҳову камбағалон ва қишри камбизоат. Сониян, закот фақат ба пулдорҳову дороҳо рабт дорад, на ба ҳама ва умуми мусуслмонҳо", — гуфт диншинос.

 

Лентаи хабарҳо
0