Дар 43 майдонҳои шаҳри Маскаву Назди Маскав намози ид баргузор мешавад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкНамози ид дар Маскав
Намози ид дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Анҷоми моҳи шарифи Рамазонро мусулмонон дар Маскав ва Назди Маскав дар масоҷиди маҳаллӣ таҷлил хоҳанд кард, амнияти намозгузоронро ба ҷуз пулис даҳҳо нафар ихтиёриён таъмин менамоянд.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Намози иди рӯзи саиди Фитр, ки ба анҷоми моҳи мубораки Рамазон бахшида мешавад, рӯзи ҷумъаи 17 июл дар 43 майдону хиёбонҳои шаҳри Маскав ва вилояти Маскав сурат мепазиранд, менависад сомонаи Русия барои ҳама.

Бо истинод ба раёсати идораи мусалмонони Маскав қайд мешавад, ки дар пойтахти Русия дар 8 майдон ва дар Назди Маскав дар 35 майдон намози ид баргузор хоҳад шуд.

"Вақти оғози намозҳо шояд дар маҳаллаҳои баргузорӣ аз ҳамдигар тафовут дошта бошанд. Масалан, дар масҷиди Поклонная гораи Маскав соати 05.00, дар масҷиди таърихии пойтахт соати 09.00 намози ид хонда мешавад. Дар вилояти Маскав бошад миёни соатҳои 07.00 то 09.00 дар ҳар масҷиду майдон намозҳои ид баргузор мегарданд",- иқтибос меорад манбаъ дар такя ба иттилоъ аз идораи мусалмонони Русия.

Амнияти намозгузоронро мисли солҳои қаблӣ ба ҷуз пулис даҳҳо нафар ихтиёриён аз ҷумлаи тоҷикон, қирғизҳо ва ӯзбакҳо таъмин менамоянд.

Ба иттилои департаменти амнияти минтақавии Маскав ҳамасола дар чорабиниҳои идона бахшида ба моҳи шарифи Рамазон беш аз 150 ҳазор нафар ширкат менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0