10:55 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз бойгонӣ

Убайдуллоев: мо аз афзудани нуфузи Эрон хушнудем

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Ҳар ду кишвари дӯст имкон доранд дар марҳилаи феълии муносибатҳо аз имконоти мавҷударо истифода намуда, амалисозии барномаҳои муштараки парлумонӣ ва иқтисодию тиҷоратиро таҳким бахшанд.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Баъд аз зӯҳри 29 июл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумхурии Исломии Эрон мулоқот кард, менависад АМИТ Ховар.

"Мо аз дастовард ва афзудани нуфузи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша хушнуд ҳастем. Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси Шӯрои Исломӣ доимо дар мукотибот буда, баҳри густариши робитаҳои байнипарламентӣ тадбирҳои пайваста меандешад",- иброз доштааст раиси ММ.

Убайдуллоев аснои мулоқот бо оқои Ҳаддоди Одил афзудааст, дар самти густариши равобити байнипарлумонӣ нақши гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории ҷонибҳо муассир буда, итминони комил дорем, ки саҳми он дар оянда боз ҳам афзунтар хоҳад гашт.

Манбаъ мегӯяд, доктор Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ба ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни кишварҳо, хусусан муносибатҳои байнипарлумонӣ баҳои баланд дода, афзудааст, кишвараш ҳозир аст дар тамоми соҳаҳо бо Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд дошта бошад.

Маврид ба ёдоварист, Ғуломали Ҳаддоди Одил барои ширкат дар конфронси байналмилалии марбут ба масъалаҳои истилоҳот ва вожасозӣ бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст.

 

Барчаспҳо:
конфронси байналмилалии марбут ба масъалаҳои истилоҳот ва вожасозӣ, мулоқоти Убайдуллоев бо Ҳаддоди Одил, Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумхурии Исломии Эрон, Комиссияи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, Маҷлиси миллӣ, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Тоҷикистон, Эрон, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ