15:21 15 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.73
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Ҳадаф аз табдили номи рустову маҳалла ва кӯчаву хиёбонҳои кишвар гиромидошти таъриху фарҳанги халқи тоҷик , ҳифзи асолати забони модарӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумони мамлакат, ки ахири ҳафтаи гузашта баргузор гардид, номи 14 деҳаи ноҳияи Файзобод тағйир дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Ба иттилоъи манбаъ, ин номивазкунӣ тибқи  пешниҳоди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Файзобод сурат гирифтааст.

Ҳамакнун рустоҳои Шулашак ба Себистон, Биникулта ба Файзрез, Қуруғ ба Навбаҳор, Тиён ба Кӯҳсор, Бунгакиён ба Дурахшон, Қашқараҳа ба Орифон, Қалошӣ ба Баҳористон, Қошқарӣ ба Сино, Тақназарӣ ба Сомониён, Кулул ба Чорбоғ, Қулобод ба Хуросон, Калшодӣ ба Шифобахш, Сеқишлоқа ба Себзор ва Ҳайтак ба Гулафшон иваз карда шуданд.

Манбаъ меафзояд, деҳаҳои мазкур  дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Бустон, Вашгирд, Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев, Чашмасор ва Мискинободи ноҳияи Файзобод дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир мебошанд.

Ҳадаф аз табдили номи рустову маҳалла ва кӯчаву хиёбонҳои кишвар гиромидошти таъриху фарҳанги халқи тоҷик, ҳифзи асолати забони модарӣ мебошад.

Барчаспҳо:
гиромидошти забони модарӣ ва асолати он, номивазкунӣ, табдили номи деҳаҳо дар Файзобод, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, Маҷлиси Миллӣ, Себзор, Себистон, Навбаҳор, Қуруғ, Дурахшон, Бунгакиён, Файзобод, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ