Ду филми тоҷикӣ ба ҷашнвораи Қазон роҳ ёфтанд

© SputnikМарат Орифов дар филми "Муаллим"-и Носир Саидов. Навор аз филм
Марат Орифов дар филми Муаллим-и Носир Саидов. Навор аз филм - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои иштирок дар ҷашнвора 700 филм пешниҳод шуда, тибқи нишондоди комиссияи интихобии фестивали синамо танҳо 50 филм ҳаққи намоишро пайдо кардааст.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ду филми тоҷикӣ ба 11-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонони Қазон дар ыумщурии Тотористони Русия роҳ ёфтааст, менависад хабаргузории Озодагон.

"Кумитаи тадорукоти ҷашнвора мегӯяд, имсол Тоҷикистонро филмҳои "Муаллим"-и коргардон Носир Саидов ва филми кӯтоҳи "Гунҷишки сафед" ("Белий воробушек")-и таҳиягар Диловар Султонов дар синамобазм намояндагӣ хоҳанд кард",-меафзояд манбаъ.

Бар пояи хабари сарчашма, барои иштирок дар ҷашнвора 700 филм пешниҳод шуда, тибқи нишондоди комиссияи интихобии ҷашнвора танҳо 50 филм ҳаққи намоишро пайдо кардааст.

Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонон аз 5 то 11 сентябр дар Қазон баргузор шуда, барои дарёфти ҷоизаи фестивал 50 филм аз 25 давлат намоиш дода мешавад.

Филми "Муаллим"-и Носир Саидов ба қатори 10 филми асоии ҷашнвора — "Курманжан Датка Королева Гор"-и Содиқ Шерниёз (Қирғизистон), "Риба"-и Дервиша Займа (Туркия),   "Побег из Москвабада"-и Дари Полторатский (Русия) ва "Муравиная история"-и М.С.Фаруки (Бангладеш) шомил шудааст.

Гуфтанист, филми "Гунҷишки сафед"-и Диловар Султонов дар баробари филмҳои кӯтоҳи ҷашнвора намоиш дода мешавад. Аз Осиёи Марказӣ танҳо аз Тоҷикистон ду филм ба намоиш роҳ ёфтааст. Қирғизистону Узбакистонро яктоӣ филм намояндагӣ мекунад.

 

Лентаи хабарҳо
0