22:39 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Боқимондаи бинои мадрасаи кӯҳна дар ноҳияи Ҳисор. Акс аз бойгонӣ

То рӯзи 3000-солагии Ҳисор бунёди иншооти ҷашнӣ ба анҷом мерасад

© Sputnik / Иосиф Будневич
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Барои беҳдошти шароити некӯаҳволии мардум ва ба шаҳри наву замонавӣ табдил додани Ҳисори бостонӣ бунёду навсозӣ ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 400 иншооти хурду бузурги хизматрасонӣ, энергетикӣ, обу корезӣ, маорифу тандурустӣ ва фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, қисми зиёде онҳо аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Баъд аз зӯҳри дирӯз нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҳисор бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 3000-солагии шаҳр ошно шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.

Ба иттилоъи манбаъ, айни замон дар ду канори роҳи марказии ноҳия бунёди варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, мактаби перезидентӣ, осорхонаю китобхона, қасри фарҳанг ва мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии "Қалъаи Ҳисор" қариб ба анҷом расида, қисман корҳои таъмини иншоот бо барқу об ва ороиш боқӣ мондааст.

Барои беҳдошти шароити некӯаҳволии мардум ва ба шаҳри наву замонавӣ табдил додани Ҳисори бостонӣ бунёду навсозӣ ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 400 иншооти хурду бузурги хизматрасонӣ, энергетикӣ,  обу корезӣ, маорифу  тандурустӣ ва фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, қисми зиёде онҳо аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар иншоотҳои дигари ҷашнӣ корҳои пешбинишуда дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Дар ҷамоати деҳоти "Шарора" корхонаи хиштбарории «Корвони аср» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, иқтидори лоиҳавии он ба истеҳсоли 45 миллион дона хишт  дар як сол баробар буда, дар он 80 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Инчунин, соҳибмулки корхонаи мазкур бунёди мактаб барои 640 хонандаро дар деҳаи деҳаи Уртабуз ба зимма гирифтааст.

Бо дастури нахуствазир дар иншооти номбурда то рӯзҳои наздик ба ҷашн корҳои боқимонда бояд пурра ба анҷом расонида шаванд.

 

Мавзуъ

Расулзода ба Рашт ба маҳалли офат рафт
Барчаспҳо:
дастури сарвазир, 3000-солагии Ҳисор, ошноӣ бо иншооти ҷашнӣ, ширкати "Корвони аср", Қалъаи Ҳисор, ҳукумати ҶТ, нахуствазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, Ҳисор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ