05:18 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Баҳманёр. Акс аз бойгонӣ

Нашри романи “Сармаддеҳ” бо ҳуруфи форсӣ

© Официальный сайт Бахманёра Амини
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
41 0 0

Баҳманёр аз нависандагони ба номи тоҷик аст, ки то кунун даҳҳо ҳикояҳояш дар шакли роман интишор шудаанд. Романи “Сармаддеҳ” ва “Шоҳаншоҳ” аз машҳуртарин асарҳои Баҳманёр мебошанд.

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Романи "Сармаддеҳ"-и нависандаи тоҷик Баҳманёр ба хатти форсӣ нашр шуд, менависад Радиои Озодӣ.

Баргардон ва нашри китобро нависанда ва хабарнигори тоҷик Шаҳзодаи Самарқандӣ (Назарова) ҳамроҳ бо ҳамсараш Меҳдии Ҷомӣ анҷом додаанд. Ин китоб аз 522 саҳифа иборат буда, ҳоло дар фазои интернет дастрас аст.

"Қарор буд ин китоб дар ҷашни 60-солагии Баҳманёр, ки соли гузашта таҷлил гардид, рӯи чоп ояд, аммо тӯл кашид. Ниҳоят, ин китоб 20 августи соли ҷорӣ интишор шуд", — афзудааст хонум Шаҳзода.

Вай гуфтааст, бахши муҳими ин китоб луғатномааш будааст, ки Меҳдии Ҷомӣ таҳия кардааст.

"Ӯ вожаҳои тоҷикии ин романро, ки барои форсизабонони дигар номафҳуманд, гирд овард ва онҳо хеле зиёданд", — илова кардааст хонум Шаҳзода.

Баҳманёр аз нависандагони ба номи тоҷик аст, ки то кунун даҳҳо ҳикояҳояш дар шакли роман интишор шудаанд. Романи "Сармаддеҳ" ва "Шоҳаншоҳ" аз машҳуртарин асарҳои Баҳманёр аст.  

Барчаспҳо:
хатти форсӣ, "Сармаддеҳ", роман, китоб, нашр, Шаҳзодаи Самарқандӣ, Баҳманёр, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ