ВАО: интиқоди муфтии Арабистони Саудӣ аз филми “Муҳаммад”-и Эрон

© Flickr \ OiMaxКамераи наворбардорӣ
Камераи наворбардорӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муфтии аъзами Арабистони Саудӣ ва раиси ҳайъати уламои он эълом кард, ки намоиши ин филми эронӣ “шаръан коре ноҷоиз” буда, аз интишор ва тамошои он мардум бояд дурӣ гузинанд.

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Шайх Абдулазиз Оли Шайх, муфтии аъзами Арабистони Саудӣ филми эронии "Муҳаммад-ур-расуллоҳ"-ро як кори зишт ва зиддиисломӣ хонд, менависад Радиои Озодӣ бо истинод ба рӯзномаи арабзабони "Алҳаёт".

Муфтии аъзами Арабистони Саудӣ ва раиси ҳайъати уламои он эълом кард, ки намоиши ин филми эронӣ "шаръан коре ноҷоиз" буда, аз интишор ва тамошои он мардум бояд дурӣ гузинанд".

Ба таъкиди Оли Шайх, паёмбар Муҳаммад (с) аз ин чизҳо (саҳнаҳое, ки дар ин филм тасвир шудаанд- шарҳ аз идора) поку муназзаҳ буда, ӯ дорои сифатҳои муайян ва ахлоқи шинохта мебошад. Шайх афзудааст, коргардонҳи филм "чизҳои ғайривоқеиро тасвир мекунанд, ки дар он нисбат ба Расули Худо истеҳзо сурат гирифта, аз қадру манзалати эшон костаанд". Муфтии аъзами Арабистони Саудӣ филми мазкурро "як кори зишт, бединӣ ва сияҳ кардани чеҳраи ислом" донистааст.

"Синамое, ки  ин филмро аз даврони туфулияти паёмбари Ислом бардоштааст, "амале хасмона алайҳи Ислом" анҷом додааст",-афзудааст Оли Шайх.

Абдулазиз Оли Шайх иброз доштааст, ки ҳар кӣ мехоҳад бо зиндагонии паёмбар Муҳаммад (с) дигаронро ошно созад, бояд суннати ӯро дар миёни мардум паҳн намоянд, на монанди он касоне, ки дурӯғ такягоҳашон буда амонатдорӣ муътамад нестанд ва на корҳояшонро содиқона анҷом медиҳанд.

Филми эронии "Муҳаммад-ур-расуллоҳ"-ро, ки тавассути коргардони шинохтаи ин кишвар Маҷид Маҷид ба навор гирифта шудааст, борҳо аз ҷониби коргадонҳои шинохтаи кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Миср баҳои баланд гирифта буд.

Ин филм бо ҳазинаи беш аз 100 миллиард тумани эронӣ  ба навор гирифта шудааст ва то кунун дар беш аз 140 толорҳои синамоии Эрон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта шудааст. 

Лентаи хабарҳо
0