“Муаллим”-и Носир Саидов аз Қазон бо ҷоиза баргашт

© SputnikМарат Орифов дар филми "Муаллим". Акс аз ыараёни танзими филм
Марат Орифов дар филми Муаллим. Акс аз ыараёни танзими филм - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар филм тамошобини тоҷик баъди зиёда аз 20 сол шоҳиди ба саҳна баргаштани ҳунарманди саршинос Марат Орифов шуд. Филми мазкур қаблан дар ҷашнвораҳои синамои Эрону Озарбойҷон ва Австрия бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуда буд.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Филми "Муаллим"-и коргардони маъруфи тоҷик Носир Саидов дар ҷашнвораи байналмилалии "Минбари тиллоӣ", ки дар шаҳри Қазони Русия баргузор шуд, соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин филмнома" гардид, иттилоъ медиҳад ОИ Tojnews.

Таҳиягари филм мегӯяд, филмаш дар қатори 700 филм дар ҷашнвораи "Минбари тиллоӣ" иштирок карда, ба феҳрасти 50 филми ниҳоӣ роҳ ёфт ва дар қатори 50 филм аз 25 кишвари дунё мақоми чорумро ишғол кард.

“Муаллим” ба “Минбари тиллоӣ” меравад

Қаблан филми "Муаллим" дар Кинофестивали байналмилалии шаҳри Инсбруки Австрия барандаи ҷоизаи беҳтарин филм гардида буд.

Филми "Муаллим" дар бораи сарнавишти омӯзгор ва насли солҳои навадуми асри гузашта қисса  мекунад. Филми "Муаллим" соли 2014 бо ҷалби ҳунармандон аз хориҷи кишвар ба саҳна омада буд.

Дар филм ҳунарманди маъруфи эронӣ Маҳнози Афшор нақши асосиро бозидааст. Инчунин дар филм тамошобини тоҷик баъди зиёда аз 20 сол шоҳиди ба саҳна баргаштани ҳунарманди саршинос Марат Орифов шуд. Филми мазкур қаблан дар кинофестивалҳое дар Эрону Озарбойҷон ва Австрия бо ҷоизаҳои мухталиф қадрдонӣ шуда буд.

Ҳамчунин, дар ҷашнвораи "Минбари тиллоӣ" аз Тоҷикистон филми "Гунҷишки сафед" дар қатори филмҳои кӯтоҳ муаррифӣ гардид. Ин филм аз ҷониби коргардон Диловар Султонов таҳия шуда, соҳиби ҷоизаи вижаи доварон гардид.

 

Лентаи хабарҳо
0