10:44 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Президент ба Ҳисор рафт

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
6 0 0

Дар назар аст, ки дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон як зумра иншооти маорифу фарҳанг, аз ҷумла Осорхона, Китобхона, Қасри фарҳанги ноҳиявӣ ва Мактаби президентӣ барои бачагони болаёқат ифтитоҳ намояд.

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон барои боздид аз корҳои омодагӣ ба муносибати 3000-солагии Ҳисор шахсан ба ин ноҳия сафар кард, менависад сомонаи президент.

Субҳи 22-юми сентябр раисҷумҳур бо сафари корӣ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор муассисаҳои маорифу фарҳанг, инчунин шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, рафти бунёди иншооти ҷашнии 3000 — солагии Ҳисор ба ноҳияи Ҳисор сафар кард.

Дар назар аст, ки дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон як зумра иншооти маорифу фарҳанг, аз ҷумла Осорхона, Китобхона, Қасри фарҳанги ноҳиявӣ ва Мактаби президентӣ барои бачагони болаёқат ифтитоҳ намояд.

Алакай, субҳи имрӯз раисҷумҳур дар ифтитоҳи бинои осорхонаи ноҳиявӣ ширкат кард. Ин бино ба истиқболи ҷашни 3000 — солагии Ҳисор ба истифода дода шуд.

"Масоҳати умумии бино қариб як гектарро ташкил медихад. Дар таҳхонаи осорхона устохонаи таъмири маҳсулоти кулолгарӣ ва шишагӣ, устохонаи нусха кардани нигораҳо, таъмири маҳсулоти нахдор, сехи таъмири маҳсулоти дӯзандагӣ ва дигар намуди хизматрасонихо мавҷуд аст", — омадааст дар сомона.

Ҳоло дар фонди осорхонаи навбунёд зиёда аз 3000 нигораи таърихӣ гирд оварда шудааст.

Дар идомаи сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмон Дар маркази ноҳия — шаҳраки Ҳисор бинои Китобхонаи марказии ноҳияро ба истифода супурд. Китобхонаи марказӣ дорои 40 утоқ, аз ҷумла 25 ҳуҷраи корӣ ва 15 хонаи ёрирасон мебошад ва дар онҳо 38 компютер васлу насб шудаанд. Дар китобхона 500 ҳазор нусха асарҳои гуногун, аз ҷумла 500 нусха китобҳои электронӣ мавҷуд аст.

Барчаспҳо:
3000-солагӣ, таҷлил, омодагӣ, сафари корӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Ҳисор

Мавзӯъҳои асосӣ