01:58 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «JATA Tourism Expo» дар Ҷопон

ҶТ дар Токио ҷузъе аз "Роҳи бузурги абрешим" муаррифӣ шуд

© Страница посольства РТ в Японии в Facebook
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
1720

Дар ҳамоиш Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ, табииву фарҳангӣ, таърихӣ ва ҷузъи “Роҳи бузурги абрешим” муаррифӣ шуд.

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Авохири моҳи сентябри соли равон дар маҷмааи "Tokyo Big Sight" шаҳри Токиои Ҷопон Намоишгоҳи байналмилалии туристӣ «JATA Tourism Expo» баргузор гардид, ки дар он Сафорати ҶТ дар он кишвар низ ширкат дошт. Дар ин бора сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Ҷопон Ҳамрохон Зарифӣ дар саҳифаи Facebook иттилоъ додааст.

Намоишгоҳ аз ҷониби Ассотсиатсияи агентиҳои туристии Ҷопон (JATA) ва бо дастгирии ҳукумати он кишвар таъсис дода шудааст ва яке аз калонтарин ва машҳуртарин намоишгоҳҳои туристии ҷаҳон ба шумор меравад.

Зимнан, бо ҳадафи муаррифии симои муносиби туристӣ ва ҷалби бештари сайёҳони ҷопонӣ ба Тоҷикистон Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон дар намоишгоҳи мазкур иштирок намуда, як гӯшаи миллиро ташкил кард.

"Гӯшаи Тоҷикистон бо либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, сӯзанӣ, ёдгориҳои таърихӣ, санъати амалӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, харитаҳои туристии кишвар, варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳои туристӣ оро дода шуд",- омадааст дар хабар.

Пост Хамрохона Зарифи в Facebook
Пост Хамрохона Зарифи в Facebook

Ба навиштаи манбаъ, гӯшаи миллии кишвар таваҷҷуҳи меҳмонро ба худ ҷалб намуд ва онҳо имконият пайдо карданд, ки аз дастовардҳои мо дар солҳои истиқлолият, таърих, фарҳанг ва санъат шиносоӣ пайдо кунанд.

Ҳамзамон, аснои баргузории намоишгоҳи мазкур семинари махусус барои ширкатҳои сайёҳии Ҷопон дар мавзӯи имконияҳои сайёҳии Тоҷикистон барпо карда шуд. Дар ҳамоиш Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ, табииву фарҳангӣ, таърихӣ ва ҷузъи "Роҳи бузурги абрешим" муаррифӣ шуд.

Барчаспҳо:
рушди сайёҳӣ, ҳамоиши байналмилалӣ, "Роҳи бузурги абрешим", Намоишгоҳи байналмилалии туристӣ «JATA Tourism Expo, Сафорати ҶТ дар Ҷопон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, Токио, Ҷопон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ