23:23 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Соли 2013 аз Тоҷикистон номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ахиран фаъолияташ дар кишвар мамнуъ эълон шуд, ворид гардида буд.

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Исми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар ба  феҳрасти "500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2016" шомил шудааст, менависад сомонаи Пажуҳишгоҳи исломии Уммон бо такя ба як натиҷагирӣ, ки он дар маҷаллаи "The muslim 500" ба нашр расидааст.

"Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 ба ин сӯ, раҳбарии Тоҷикистонро баруҳда дорад ва соли 2013 ҳам бори дигар раисҷумҳури ин кишвар интихоб шуд. Ӯ Хонаи Худоро зиёрат кардааст ва яке аз ҷонибдорони аслии фарҳанги тоҷик ба шумор меравад. Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 дар пайи иҷрои дастуре насаби худро аз Раҳмонов ба Раҳмон иваз кард, ки истифодаи пасвандҳои русиро манъ мекунад", омадааст дар гузориши мазкур.

Муаллифони гузориши Пажӯҳишгоҳи исломии Уммон гуфтаанд, исми раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро барои бори аввал  имсол ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор дар қатори се раҳбари умури дин ворид кардаанд.

Дар сархати ин феҳрист Абдуллоҳи 2 ибни Ҳусайн, шоҳи Урдун, дар пайи ӯ Аҳмад Муҳаммад Ат-Таййиб, шайхи аъзами Донишгоҳи "Ал-Азҳар" аз Миср, сипас шоҳи Арабистони Саудӣ — Абдуллоҳ бин Абдулазиз Ал Сауд ва дар мақоми 4-ум Алӣ Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.

Номи Оқохони IV Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён ҳам ба ин феҳрист ворид шуда, дар зинаи 40-ум қарор дорад.

Гузоришгарон гуфтаанд, ки аз Оқохони IV то 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон пайравӣ менамоянд, ки як қисми онҳо дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

Ба ин феҳрист инчунин номҳои Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури Афғонистон, Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон шомил шудааст. Муаллифони гузориши мазкур инчунин номи 5 экстремист, аз ҷумла Абубакр Бағдодиро ба рӯйхати 500 мусалмони таъсиргузори ҷаҳон роҳ додаанд.

Ин бори дуюм аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба рӯйхати 500 мусалмони таъсиргузори ҷаҳон роҳ меёбад. Соли 2012 низ Эмомалӣ Раҳмон шомили рӯйхати 500 мусалмони таъсиргузор гардида буд ва соли 2013 аз Тоҷикистон номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ахиран фаъолияташ дар кишвар мамнуъ эълон шуд, ворид шуда буд.

Барчаспҳо:
Пажӯҳишгоҳи исломии Умон, феҳрист, 500 мусулмони бонуфӯз, Саидмукаррам Абдулқодирзода, Эмомалӣ Раҳмон, Арабистони Саудӣ, Миср, Туркия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ