15:20 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
126 0 0

Китоби нави Рустами Ваҳҳоб, шоир ва донишманди шинохтаи тоҷик бо номи "Дуруст бинависем" нашр шуд.

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Китоби "Дуруст бинависем" бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти тозатаъсиси "Сухан"-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба нашр расид, иброз дошт Рустами Ваҳҳоб дар суҳбат бо Sputnik.

Ба қавли дотсенти Донишгоҳи милии Тоҷикистон, китоби нави ӯ бо дастгириии Иттифоқи нависандагони кишвар рӯи чоп омадааст.

"Маҷаллаи адабии "Садои шарқ", нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як барнома дорад, ки баъзан аз маводҳои зарурии нашршуда дар саҳифаҳои худ ба сурати вижанома китоберо нашр мекунад ва яке аз ин китобҳо ҳам китоби "Дуруст бинависем" мебошад", илова кард, ҷаноби Ваҳҳоб.

Китоби "Дуруст бинависем"-и Рустами Ваҳҳоб фарогири маҷмуи матолиби нашршудаи ӯ дар гуруҳи "Дуруст бинависем" дар шабакаи иҷтимоии Facebook ва маҷаллаи "Садои шарқ" мебошад. Ба қавли донишманди тоҷик, дар ин матолиби ҷамъоваришудаи ӯ шумори зиёди иштибоҳоте, ки ба такрор дар матбуот, таълифоти илмию бадеӣ ва гуфтори радиёву телевизион ба назар мерасад, баррасӣ шудааст.

"Муаллиф дар ин китоб шакли дуруст ва саҳеҳи калимаю ибораҳо, мавқеи корбурд ва тарзи баёни онҳоро тавзеҳ медиҳад", изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Ҷаноби Ваҳҳоб мегӯяд, Китоби "Дуруст бинависем"-и ӯ барои адибони ва хабарнигорони ҷавон ва умуман алоқамандони омӯзиши амалии забон муфид буда, он метавонад, ҳамчун дастури таълимӣ ва василаи иловагии омӯзиш дар дарсҳои амалии забоншиносӣ, услубшиносӣ ва матншиносӣ истифода шавад.

Арзиши ин китоб дар ҳоли ҳозир дақиқ карда нашудааст ва ба гуфтаи ҷаноби Ваҳҳоб, дар сурати муайян шудан ҳам аз 15 сомонӣ гарон нахоҳад буд. Ҳамсуҳбати мо таъкид кард, ки онҳо ният доранд, дар оянда ҳам ба ин иқдоми худ идома бахшида, маҷмуи матолиби баъдии гуруҳи "Дуруст бинависем"-ро ҳам ба шакли китоб пешкаши хонандагон намоянд.

Рустами Ваҳҳоб яке аз шоирони муосир ва донишмандони шинохтаи тоҷик ба шумор меравад, ки ҳоло сармуҳаррири маҷаллаи адабии "Садои шарқ", нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Ӯ қаблан масъули бахши назм ва нақди адабии маҷаллаи мазкур буда, аз соли 1987 то ин ҷониб дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс мегӯяд.

Барчаспҳо:
"Дуруст бинависем", Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, маҷалла, китоб, нашр, нашри китоб, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Рустами Ваҳҳоб, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ