10:01 18 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Намоишгоҳи Шамоил”-и асрҳои Х1Х-ХХ дар Осорхонаи миллӣ

“Шамоил”-и асрҳои Х1Х-ХХ дар Осорхонаи миллӣ

© Sputnik Игорь Лекаркин
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Анъанаҳои ин намуди санъат солҳои 1950 аз нав эҳё гардида, дар офаридаҳои зиёди мусаввирони муосири тотор мавҷуданд.

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Намоишгоҳ зери унвони «Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир» имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ доданд аз Вазорати фарҳанг ба Sputnik.

Ба иттилоъи манбаъ, чорабинии фарҳанги бо ибтикори Осорхонаи миллӣ ва дастгирии   Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, инчунин мусоидати намояндагии «Россотрудничества» дар ҷумҳурӣ сурат пазируфт.

Дар маърази тамошо наздик ба 50 намунаи шамоилӣ гузошта шуд, ки онҳо нишонаҳои асри ХХ мебошанд ва дар хазинаи Фонди дастгирӣ ва рушди барномаҳои илмӣ-фарҳангии ба номи Шаҳобуддин Марҷонии шаҳри Маскав намоиш дода шудаанд.

Аснои ифтитоҳи намоишгоҳ сафири ФР дар Душанбе Игор Лякин-Фролов, роҳбари намояндагии «Россотрудничества» дар  Тоҷикистон Владислав Корнушко, президенти Фонди дастгирӣ ва рушди барномаҳои илмӣ-фарҳангии ба номи Шаҳобуддин Марҷонӣ Рустам Сулаймонов ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарипов сухан карданд.

Ҳадаф аз баргузории намоиши мазкур рушди ҳамкории дуҷониба ва устувор намудани робитаҳои фарҳангӣ миёни мардумони Русия ва Тоҷикистон мебошад, зеро ин ду давлат   бо анъанаҳои ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд.

Шамоил намуди махсуси санъати тасвирӣ буда, он асри Х1Х дар  замони ислоҳотхоҳӣ дар ҷаҳони ислом  пайдо шуда, дар байни тоторҳои Поволжеи Миёна паҳн шудааст. Шамоилҳо аз рӯи усули тасвир дар рӯи шиша, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. 

Анъанаҳои ин намуди санъат солҳои 1950 аз нав эҳё гардида, дар офаридаҳои зиёди мусаввирони муосири тотор мавҷуданд.

Барчаспҳо:
Шарипов, Шаҳобуддин, Игор, Душанбе, Маскав, миллӣ, осорхона, сафир, намоишгоҳ, намоишгоҳ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Абдӯвалӣ Шарипов, Владислав Корнушко, Шаҳобуддин Марҷонӣ, Игор Лякин Фролов, Душанбе, Маскав, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ