07:17 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Исо Абдурашидов (аз чап) ва Аҳмадшо Улфатшоев (аз рост)

Ҳунармандон: на асари хуб ҳасту на драматурги хуб

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
8310

Драматургияе, ки имрӯз мо ҳунармандонро маҷбур кунад, то ба саҳна бароему арақи ҷабини худро резонем ва шабҳо дар театр боқӣ монем, мутаассифона кам аст, ё қариб, ки вуҷуд надорад, мегӯянд ҳунармандон.

Ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон Рӯзи театр қайд  гардида, ҳунармандону аҳли фарҳанги кишвар аз 85-умин солгарди театри тоҷик таҷлил карданд. Аммо ба назар мерасид, ки ҷашни имсола на чун солҳои пешин бо шукӯҳу шаҳомат, балки хеле оддиву хоксорона сурат гирифт. Шояд сабаб ин бошад, ки театри тоҷик ва соҳа дар буҳрони амиқ қарор доранд ва ҳунару ҳунарманд ҷойгоҳашро дар ҷомеа аз даст додаст.

Таасуфи ду ҳунарманди саршиноси театр

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, ки бештар аз чил сол боз дар театри Лоҳутӣ фаъолият дорад,  мегӯяд, имрӯз барои ҳунармандон рӯзи иди касбиашон аст, аммо ӯ чандон рӯҳияи идона надорад, зеро солҳои охир дар ҳеч нақши ҷолибе бозӣ накарда, асари ҷиддиеро ҳам ба саҳна нагузоштааст.

"Шояд ҷавобаш ин бошад, ки мо драматурги хуб надорему драматургия имрӯзаи тоҷик бо ду пой мелангад. Дар гузашта, нависандаҳое амсоли Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Сафармуҳаммад Аюбӣ ва бисёр бузургҳои дигаре буданд, ки менавиштанд, вале афсус, ки имрӯз драматургия вуҷуд надорад. Имрӯз кам драматургҳое пайдо мешаванд, ки дарди ҷомеаи феълию милатро эҳсос кунанду нависанд",- илова кард ӯ.

Оқои Улфатшоев мӯътақид аст, ки агар ришвахорӣ, маҳалгароӣ ва қавмбозӣ нест нашаванд, ба бунёди давлати пешрафтаву ҷомеъаи маданӣ умед бастан мумкин нест.

"Инҳо дардҳои ҷомеъа ҳастанд, ки театр, телевизион ва радио дар бораи онҳо бояд гӯянду драматургҳо нависанду мо дар назди тамошобинон дар навоҳиву деҳот рафта, аз минбари баланд садо кунем. Аммо имрӯз на аз драматурги хуб дараке ҳасту на аз драматургияи тоҷик",- ҳасрат мекунад ин ҳунарманди саршинос.

Ахмадшо Улфатшоев
© Sputnik
Аҳмадшо Улфатшоев аз он таасуф дорад, ки асари хуб дар театр вуҷуд надорад.

Ин андешаи оқои Улфатшоевро ҳунарпешаи дигар Исо Абдурашидов ҷонибдорӣ карда, аз камбуди драматургия ва драматурги хуб таасуф мехӯрад.

"Имрӯз банда ҳамчун ҳунарманд аз асарҳое, ки ба театр меоранд, қаноатманд нестам. Драматургияи мо имрӯз ба ҳадде мелангад, ки ҳеч ногуфтанӣ. Хуб, агар гӯем, ки нависандаҳо имконият надоранд, боз ҳам иштибоҳ мекунем, зеро то ҷое медонам шароиту фазои хуби корӣ барои эҷодро доранд",- афзуд Абдурашидов.

Ӯ ба "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ ишора карда гуфт, солҳои зиёде ин асар илҳомбахши ҳунармандону адибон буд ва садсолаҳо ҳамин тавр абадзинда хоҳад монд. Драматург метавонад, дар асоси сужаҳои он чизе барои саҳна нависад. Тамоми русуми театри тоҷик дар замони кушодашавиш ҳам аз Рустаму Сӯҳроб буд. Имрӯз ҳам дар театрҳо бачаҳои қавию нерӯманд зиёданд.

"Аммо драматургияе, ки имрӯз мо ҳунармандонро маҷбур кунад, то ба саҳна бароему арақи ҷабини худро резонем ва шабҳо дар театр боқӣ монам, мутаассифона кам аст, ё қариб, ки вуҷуд надорад.

Ба қавли Абдурашидов, дар вақташ драматургия дар театр тавлид мешуд. Тӯрахон Аҳмадхонов дар як шаб драмаи миллатро навишта буд. Баъзе аз драматургҳое, ки имрӯз мо дорем, дар давоми се моҳ наметавонанд, як рӯи варақро нависанд. Яъне, бахши драматургияи тоҷик аз ҳад зиёд заиф аст.

"Вақте он заиф аст, пас вазъияти феълӣ пеш меояду ҳар кас ҳар чӣ хоҳад мемонад. Нафаре, ки аз режиссура бӯйе набурдааст, режиссёр мешавад ва мо ҳам дигар маҷбур мешавем, ҳар чизро монем. Дар ҳоле ки театри давлатӣ ҳаққи ҳар чи монданро надорад",- мегӯяд Исо Абдурашидов.

Исо Абдурашидов
© Sputnik
Исо Абдурашидов аз шунидани хабари тахриби театри Лоҳутӣ ба даҳшат уфтодааст.

Ду мушкили дигари театр- камбуди маблағ ва масъалаи тахриби бино

Мушкили дигар, ки имрӯз театри тоҷикро думболагир кардааст, камбуди маблағ ва норасоии молиёт арзёбӣ мегардад. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik ҳунармандон ин нуктаро гаштаву баргашта таъкид карданд.

"Мо ҳатто автобусе надорем, ки барои анҷоми сафарҳои ҳунарӣ ба деҳаҳо равем ва дар навоҳӣ аз наздик бо мардум вохӯриҳо анҷом диҳем. Бар иловаи ин, хазинаи сарфу хароҷоти ҳайати эҷодии театр, аз ҷумла маводи ғизоию сузишворӣ барои нақлиёт лозим аст, ки инро театри имрӯза надорад. Он билетҳое, ки мо дар навоҳӣ мефурӯшем, ҳатто барои ғизои якрӯза ё сӯзишворӣ намерасад",- қайд кард Улфатшоев.

Дар ҳамин ҳол, хабари тахриб ва ё кӯчонидани театри Лоҳутӣ, ки ҳар ду ҳунарманд солҳои тӯлонӣ дар он ҷо фаъолият доранд, онҳоро мушшаваш гардонида, ба изтироб овардааст.

Исо Абдурашидов мегӯяд, ростӣ шунидани ин хабар барои ман даҳшат буд. Ҳатто то ҷое фаҳмидам, бинои кумитаи марказӣ (дастгоҳи раёсатҷумҳур) ҳам тахриб мешавад.

"Ман орзу дорем, ки ин биноҳо ба ҷойи тахриб шудан, баръакс бо сохтмонҳои ҳозира тавъам ба шаҳри Душанбе зебоӣ бахшанд. Аз тахриби ин биноҳо касе бурд намекунад ва ҳатман замоне ҳам пушаймон мешаванду ангушти таассуф бар лаб мениҳанд",-ҷамъбаст кард Исо Абдурашидов.

Театр Лахути
© Sputnik
Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

 

 

Барчаспҳо:
даҳшат, суҳбати ҳунармандон, мушкилоти ҳунармандон, тахриби театр, театр, Рӯзи театри тоҷик, театри Лоҳутӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Аҳмадшо Улфатшоев, Исо Абдурашидов, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    3697
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    1058
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    949