21:20 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Саҳнаи театр. Акс аз бойгонӣ

Намоиши "Наврасии Мушфиқӣ" дар шаҳри Минск

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Коргардони ҷавони тоҷик драмаи фалсафӣ-ошиқонаи мусиқии худро дар Минс пешкаши тамошобинон кард.

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Намоиши саҳнаи ҳаҷвии "Наврасии Мушфиқӣ"-и Театри давлатии мусиқии ба номи Камол Хуҷандии Тоҷикистон дар асоси намоишномаи нависанда Темур Зулфиқоров дар шаҳри Минск рӯзи 21 ноябри соли равон баргузор гардид, хабар медиҳад сафорати кишвар дар Беларус.

Ин саҳнаро коргардони ҷавони тоҷик ва фориғуттаҳсили Донишкадаи давлатии фарҳанг ва ҳунари шаҳри Маскав Қурбонҷон Бобоҷонов иҷро намудааст. Бояд гуфт, "Наврасии Мушфиқӣ" кори дипломии ӯ мебошад.

Ба гуфтаи Қурбонҷон Бобоҷонов, ин саҳна барои шумори ками бинандаҳо пешбинӣ шудааст ва онро метавон "саҳначаи кисагӣ" гуфт.

"Барои чӣ паша парвоз мекунаду одам не? Барои чӣ парандаҳо меваро беғам мехуранду одам бояд ҳангоми истеъмоли он аз соҳибаш иҷоза бигирад?", — чарх мезанад дар фикри қаҳрамони намоишнома ва ҳамзамон барои ин суолҳо ӯ посух ҳам меҷӯяд. Шояд барои ҳамин ҳам ин драма "фалсафию ошиқона ва мусиқӣ" ном бурда шудааст.

"Намоиши ин саҳна аз сӯи тамошобинони беларусӣ, намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва иштирокдорони ҷашнвора хуб пазируфта шуда, барои ҳунари баланду касбии коргардон баҳои баланд дода шуд", — навиштааст манбаъ.

Ин саҳна дар доираи ҷашнвораи дуюми театрии ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва соҳили Балтик намоиш дода шуд, рӯзи 19 ноябри соли равон дар шаҳри Минск ба кори худ шуруъ карда буд.

Барчаспҳо:
мустақил, давлатҳо, драма, "Наврасии Мушфиқӣ", театр, Маскав, коргардон, тамошобинон, иттиҳод, сафорат, ҷашнвора, Саҳначаи "Наврасии Мушфиқӣ", Темур Зулфиқоров, Қурбонҷон Бобоҷонов, Беларус, Минск, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ