05:16 24 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Дар айвони кинотеатр

Ба мактаббачаҳо ва омӯзгорони Душанбе филмҳои русӣ намоиш медиҳанд

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Бори охир рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон соли 2013 баргузор шуда буд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Рӯзи душанбе дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои синамои Русия оғоз гардид, иттилоъ медиҳад намояндагии "Россотрудничества" дар кишвар.
Дар ин рӯзҳо ба донишомӯзон ва омӯзгорони макотиби миёнаи шаҳри Душанбе филмҳои синамои Русия намоиш дода мешавад.

"Ин филмҳо барои паҳни арзишҳои фарҳанг, эҳтиром ба таҳсилот ва нигариши дақиқ ба мероси фарҳангию таърихӣ пешбинӣ шудаанд", — афзудааст манбаъ.

Иштирокдорон рӯзи сешанбе филми "Қандаҳор", 25 ноябр филми "Мангул", 26 ноябр — "Мо аз оянда" ва рӯзи 27 ноябри соли равон филми "Офтоби сафеди биёбон" тамошо хоҳанд кард.

Ин филмҳои синамои Русия дар асоси тиҷоратӣ намоиш дода намешаванд.

Бори охир рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон соли 2013 баргузор шуда буд.

Намояндагии "Россотрудничества" — Маркази илму фарҳанги Русия пайваста дар Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ ва таълимӣ, аз ҷумла адабиёт ва мусиқӣ, санъат ва шеърхонӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, намоишгоҳҳои акс ва конфронсҳо баргузор мекунад.

Барчаспҳо:
"Офтоби сафеди биёбон", "Мо аз оянда", "Мангул", "Қандаҳор", чорабинӣ, филм, намоиш, намояндагии "Россотрудничества", Тоҷикистон, Душанбе, Маскав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ