06:12 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Театр опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

Дар Душанбе консерти устодони ҳунари рус баргузор мешавад

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
18 0 0

Ин консерт дар доираи барномаи байнидавлатии “Кӯлоб - пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2015” ташкил карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Имрӯз дар Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ"-и шаҳри Душанбе консерти устодони ҳунари Русия баргузор мешавад, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар.

Ин консерт дар доираи барномаи байнидавлатии "Кӯлоб — пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2015" ташкил карда мешавад.

Дар ин консерт артистони Театри давлатии академии ба номи Моссовет, Ҳунарманди халқии Русия Александр Голобородко ансамбли вокалии Маркази давлатии мусиқии телевизиону радиои Русия "Хорошие девчата", ҷоизадорони озмунҳои умумирусиягӣ ва байнулмилалӣ Мария Легусова, Виктория Сердюк, Людмила Рекида, Анна Небученкова, дуэти баяннавозон Сергей Алексеев ва Андрей Секерин иштирок ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Барандаи консерт ҳунарманди шоистаи Русия Галина Власёнок ба шумор меравад.

Тавре Хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон меафзояд, ин чорабинӣ аз ҷониби ин ниҳод бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.

Барчаспҳо:
"Кӯлоб - пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2015", консерт, шаҳр, баргузории барномаи консертӣ, Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ", Театри давлатии академии ба номи Моссовет, Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, вазорати фарҳанги Русия, Галина Власёнок, Анна Небученкова, Людмила Рекида, Виктория Сердюк, Мария Легусова, Александр Голобородко, Душанбе, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ