03:48 21 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Нимпайкараи биринҷии ҳунарманди маъруфи филмҳои Шӯравӣ Элдар Рязанов дар Санкт-Петербург

Таасуфи ҳунармандони тоҷик аз даргузашти Рязанов

© Sputnik / Семен Лиходеев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва ровии маъруфи кишвар Ортиқи Қодир, ки хабари даргузашти Рязановро аз хабарнигори Sputnik шунид, бисёр шигифтзада шуд.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Мардуми шӯравӣ коргардони барҷастаи худро аз даст доданд, ки ёди он тавассути филмҳояш барои ҳамешагӣ дар қалби мухлисон боқӣ хоҳад монд ва хабари марги Элдар Рязанов ҳунармандону коргардони тоҷикро ҳам сахт андуҳгин кардааст.

Директори театри драмавии русии ба номи Маяковский Мунира Додоева мегӯяд, дар мавриди аз даст додани филмсози афсонавӣ барои фикр кардан хеле душвор аст.

"Дар ин бора фикр кардан бисёр мушкилу ғамангез аст, — изҳор медорад ӯ. — Мо коргардони барҷастаеро аз даст додем. Одамоне ба мисли Рязанов дар 100 сол як бор ба дунё меоянд. Ёди ӯ дар қалбу хотираҳои мо боқӣ хоҳад монд. Бидуни шак филмҳои афсонавию барҷастаи он. Барои ин ҳама аз ӯ ташаккур мекунам ва бигзор охираташ обод бошад".

"Муаллими беҳтарин"

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва ровии саршиноси тоҷик Ортиқи Қодир, ки хабари даргузашти Рязановро аз хабарнигори Sputnik шунид, бисёр шигифтзада шуд.

"Даргузашти ӯро талафоти бузург дар фарҳанги маҳдудаи пасошӯравӣ метавон гуфт, — мегӯяд ҷаноби Қодир. — Рязанов яке аз коргардонҳои барҷастаи шӯравӣ ба шумор мерафт. Ӯ бо филмҳои наворгирифтаи худ меҳру муҳаббатро дар қалби мухлисонаш ҷой дод, тамоми филмҳояш дар бораи зиндагии мардуми одӣ буду ӯ коре мекард, ки чизҳои одӣ моро водор кунанд, то табассум намоем".

Ин ҳунарманди тоҷик мегӯяд, Рязанов дар давоми фаъолияти худ тавонист, унвони устодиро касб кунад.

"Ӯ дар тамоми мактабҳо ҳунармандонеро тарбия кардааст, ки метавонанд, ҳангоми иҷрои нақше олами ботинии худро ба таври комил ба намоиш гузоранд", — меафзояд Қодир.

"Устоди иқтибос"

Муовини директори Театри драмавии русии ба номи Маяковский Гулнора Ахмедова ҳам Рязановро яке аз ҳунармандони барҷастаи рус медонад.

"Элдар Александрович яке аз ҳунармандони барҷастаи рус мебошад, ки дар филми русию шӯравӣ саҳми бузурге гузоштааст, — мегӯяд ӯ. — Иқтибосҳои ӯро ба қитъаҳо пора-пора мекардем. Мо имрӯз дар бораи Рязанов хеле суҳбати тулонӣ доштем ва даргузашти ӯро метавон талафоти бузурге барои Русия номид".

"Офаранда ва шахсият"

Ҳунарманди мардумӣ ва узви Иттиҳоди филмсозони шӯравӣ ва Иттиҳоди филмсозони Тоҷикистон Асламшо Раҳматуллоев аз даргузашти Рязанов бисёр мутаассиф аст.

"Ӯ бисёр инсони бузург, офаранда ва шахсияте буд, мегӯяд Раҳматуллоев. — Ман бисёр мутаассифам. Ӯ корҳи зиёдеро анҷом дода буд. Аз тамошои филмҳои ӯ тамоми шӯравӣ лаззат мебурд. Ман ҳамдардии амиқи худро ба наздикону пайвандони Рязанов баён мекунам ва шунидани ин хабар бисёр андуҳгинам".

Барчаспҳо:
Шӯравӣ, ишқ, ҳамдардӣ, театр, даргузашт, талафот, ҳунармандон, коргардон, беморхона, Иттиҳоди филмсозони Тоҷикистон, Асланшо Раҳматуллоев, Элдар Трояновский, Гулнора Ахмедова, Элдар Рязанов, Тоҷикистон, Русия, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ