15:12 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Айвонча бо муҷассаи чаҳор донишманди форсу тоҷик дар қароргоҳи СММ дар Вена

Қомат афрохтани муҷассамаи донишмандони форсу тоҷик дар Вена

Амина Исхаки
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Айвонча бо муҷассамаи донишмандони форсу тоҷик туҳфаи Эрон ба Созмони Милали Муттаҳид аст.

Sputnik

Омина Исҳоқӣ, ҳамватани мо, ки тӯли чандин солҳост, дар шаҳри Вена кору зиндагӣ менамояд, ахиран маҷмуаи ҷолиби меъмориеро дар қароргоҳи СММ дар пойтахти Утриш мушоҳида кардааст.

Ин айвонча сохти шарқӣ буда, зери он чаҳор донишманди маъруфи форсу тоҷик Ибни Сино, Умар Хайём, Закариё Розӣ ва Абӯрайҳон Берунӣ нишастааст.

Омина барои Sputnik ҷузъиёти роҳ ёфтани ин маҷмуа ба маркази Аврупоро дастрас кард.

Моҳи июни соли 2009 ҳукумати Эрон ин маҷмуаро ҳамчун рамзи пешрафти илмии мусоламатомез ба қароргоҳи СММ дар шаҳри Вена туҳфа кардааст.

Омар Хайям - философ, математик, астроном, поэт. Статуя на территории штаб-квартиры ООН в Вене
Амина Исхаки
Ҳайкали Умари Хайём дар қароргоҳи СММ дар Вена

Аз тарафи рости қароргоҳи СММ пиёдароҳае вуҷуд дорад, ки то назди ин айвончаи ёдгорӣ мебарад. Зери айвонча чаҳор донишманди форсу тоҷик нишаастанд, ки бо илму дониши худ дар олам машҳур гаштаанд.

Дар тӯли таърих донишмандони форсу тоҷик дар тавсеаи илм дар ҷаҳон нақши муҳиме доштанд ва ҳатто бархе аз онҳо инқилоби илмиеро анҷом доданд, ки боиси сабти номи онҳо барои ҳамешагӣ дар таърихи башарият гардид.

Беседка  с таджикско-персидскими учеными находится на территории штаб-квартиры ООН в Вене
Амина Исхаки
Дафтари СММ дар Вена. Ҷойи нишаст ва мавзеъи ҷогиршавии муҷассамаҳои олимони тоҷик

Мавзуъ

Бузургдошти “1150-солагии Закариёи Розӣ” бо ҳимояти ЮНЕСКО
Барчаспҳо:
форс, пешрафт, тавсеа, илм, қароргоҳ, тоҷик, ҳукумати Эрон, СММ, Абӯрайҳон Берунӣ, Закариё Розӣ, Умар Хайём, Ибни Сино, Утриш, Вена, Эрон, Аврупо

Мавзӯъҳои асосӣ