22:39 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Усули кори Бобои барфӣ

Нома ба Бобои барфӣ ва "муҳокима"-и буҳрони ҷаҳонӣ

© Sputnik РИА Новости
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
211 0 0

Соли нав ҳам наздик шуда истодааст. Кӯдакони дунё аз ҳар гӯшаи олам ба Бобои барфӣ нома менависанд, атфоли Душанбе низ истисно нестанд...

То Соли нав рӯзҳои ба шуморе мондаасту ман то ҳол ҳеч кореро анҷом надодаам. На чизе барои дастархони идона ва на туҳфае барои дӯстрӯякони худ харидаам, ки миёни ҳам бо як шавқу ҳаваси зиёд баҳс доранду мегӯянд, чӣ туҳфаеро интизоранд.

Бо дидани ин манзара айёми кӯдакиам ба ёд омад, ки бо назардошти бовар надоштан ба вуҷуди кадом як "бобо"-и фавқулодда ҳар дақиқаи боқимонда то ин ҷашни афсонавиро бесаброна мешумаридам (гап сари он аст, ки волидайнам ману хоҳарамро воқеъбин тарбия кардаанд).

Модарам ороиши хонаро ҳанӯз чанд рӯз пеш аз ин ҷашн шурӯъ мекард. Дар сақфу девори хона коғазҳои ранга овезон мешуданду арчаи солинавии мо қомат меафрохт.

Санаи 31-ум аз субҳ то шом кор фақат пухтупаз буд. Бӯйи  хӯшмазаи шириниҳои омодакардаи модарам ҳеч аз машомам дур намешавад. Чун шом фаро мерасид, дастархонаи идонаи мо ороста буду атрофи он ҳама хомӯш нишаста, барномаҳои солинавиро тамошо мекардему аз дар даромадани падарро, ки бо дастони холӣ наомадани он барои ману хоҳарам маълум буд, бесаброна интизор мешудем.

Бо ёдоварии ин рӯзҳо хостам, чизи беҳтаре барои дӯстрӯяконам анҷом бидиҳам

— Ниру, ту ба Бобои барфӣ нома навиштӣ?, — пурсидам аз писари 9-солаам, то бифаҳмам, ки ӯ чӣ туҳфаеро мехоҳад.

— Не! Шумо фикр мекунед, ӯ вуҷуд дорад? Зеро дар бораи ӯ бисёр чизҳо гуфтаанду мегӯянд, ин як афсона барои кӯдакон аст. Аммо ман бошам ҳоло бузург шудаам. Баъзеҳо мегӯянд, ӯ воқеан ҳам вуҷуд дорад, вале то Тоҷикистон омадани ӯ амри маҳол аст, — гуфт писарам.

Ба суҳбати мо Виро ҳамроҳ шуд. Ӯ аз Ниру як сол хурд мебошаду шояд далел ҳам ин бошад, ки бисёр мехоҳад, ба афсонаҳо бовар кунад.

— Аммо ман шунидам ӯ воқеан ҳам вуҷуд дорад. Ба ёд оред, соли гузаштаро, ки ӯ зери болишт ба мо автоматеро гузошта буд, — гуфт Виро, ки мехост "зинда" будани боборо исбот кунад.

— Ха — ха — ха, рост! Аммо онро падару модарам гузошта будан, на бобои ту! Агар ӯ мебуд, чаро мо надидемаш?! Эй ту, ҳанӯз ҳам кӯдакӣ!, — афзуд Ниру, ки як воқеънигари ҳақиқиро менамуд.

— Не! Ва боз не! Онро Бобои барфӣ гузошта буд ва мегӯянд, ӯ махсус худро нишон намедиҳад. Зеро агар касе ӯро бубинад, туҳфаи сеҳрнокашро гум хоҳад кард. Ҳамин тавр не, модар?, — бо як умед нигарист Виро ба ман.

Аммо ман бошам, надонистам чӣ ҷавоб диҳам ва пешниҳод кардам, то ба Бобои барфӣ нома бинависанд ва бо ин роҳ вуҷуд доштани ӯро бифаҳманд.

Ғайричашмдошт писари бузургам нахуст сари миз нишасту бо як ҷиддият навиштани нома ба Бобои барфиро шуруъ кард. Аммо "фармоишҳо" ба Бобои барфӣ хеле ҳангуфт буданд: планшет, телефони айфон ва дучарха. Бо хондани номаи ӯ чашмонам аз косахонаи сар баромад. Зеро гумон аст, ки Бобои барфӣ дар ин вазъи буҳронӣ тавони хариди ин чизҳоро дошта бошад.

— Ниру, ту фикр намекунӣ, ки каме зиёдаравӣ кардӣ? Зеро ту танҳо нома наменависӣ ва Бобои барфӣ якесту номанависон бисёр.

— Модар Шумо роҳат бошед. Вай ки бобои Антоха нест. Ӯ Бобои барфӣ аст ва аз паси ин чизҳо бармеояд!, — хост таскин диҳад маро. — Вай халтаи бузург дораду чанааш ҳам хурд нест.

Дар ҳамин ҳол, маҷбур шудам, ба ин писарам фаҳмонам, ки ҳоло буҳрони шадиде тамоми оламро фаро гирифтаасту бо баланд шудани нархҳо қурби сомонӣ ба замин задааст ва ӯ ҳам дарк кард. Аз нав нома навиштем. Ва ҳоло писари ман аз Бобои барфӣ тӯби одии футболро интизор аст.

PS: мо чанд номаи тифлаконро дастрас кардем, ки орзуву омоли худро ба Бобои барфӣ навиштаанд. Аз ҷумла, танки "Паланг" ва тӯби футболу бозичаҳои дигар мехоҳанд. Бар ивазаш ваъда кардаанд, ки хубу аъло таҳсил хоҳанд кард.

  • Женяи 10-сола ба Бобои барфӣ чизи ҷолибе фармоиш дод - Ӯ Catacombs Monster High хост.
    Женяи 10-сола ба Бобои барфӣ чизи ҷолибе фармоиш дод - Ӯ "Catacombs Monster High" хост.
    © Sputnik
  • Оптимус Прайм - орзуи ҳар писар
    Оптимус Прайм - орзуи ҳар писар
    © Sputnik
  • Бежан тамоман Бобои барфиро таҳти фшор қарор дод.
    Бежан тамоман Бобои барфиро таҳти фшор қарор дод.
    © Sputnik
  • Аз ҳама хоҳиши хоксора ба Бобои барфӣ Фарангис кард
    Аз ҳама хоҳиши хоксора ба Бобои барфӣ Фарангис кард
    © Sputnik
1 / 4
© Sputnik
Женяи 10-сола ба Бобои барфӣ чизи ҷолибе фармоиш дод - Ӯ "Catacombs Monster High" хост.
Барчаспҳо:
арча, чашм, ширинӣ, умед, нома, туҳфа, Нома ба Бобои барфӣ, Бобои барфӣ, Виро, Ниру

Мавзӯъҳои асосӣ