20:31 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Овозхонӣ

Як сол қабл дар Душанбе нахустин фарҳангистони ҳунари актерӣ фаъол шуд

© Sputnik / Илья Питалев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
44 0 0

Бунёдгузори Фарҳангистон зикр мекунад, ки аз ҳунари актерӣ ва овозхонӣ ба шогирдон ҳафт устоди ҳирфаӣ дарс мегӯянд ва муътақид аст, ки форғиғултаҳсилини ин ниҳод истеъдодҳои беҳтарин хоҳанд буд.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Соле пеш дар ҳамин рӯз нахустин Фарҳангистони хусусии ҳунари актерӣ дар Душанбе арзи вуҷуд кард ва аз таъсиси он як сол сипарӣ шуд.

Зимни ифтитоҳи он, Сулаймон Неъматуллоев, муассис ва бунёдгузораш тавзеъ дод, ки ҳарчанд дар ҷумҳурӣ донишкадаи санъат ҳаст, вале мардуми зиёд талош мекунанд, ки дарсҳои хусусӣ бигиранд ва дар театрҳо устодонро ҷӯё мешаванд.

Ба гуфтаи вай, яке аз далоили ин амр ин нукта аст, ки афроди зиёдро шароити пазируфтан ва таҳсил дар ин донишкада қонеъ намесозанд — аз ҷумла мӯҳлати таҳсил, ки панҷ сол мебошад.

"Дар мо ҳамааш содда аст. Ҳар вақте ки мехоҳед, метавонед омада номнавис ва таҳсилро оғоз кунед", — гуфт Неъматуллоев.

Ба гуфтаи вай, феълан дар Фарҳангистон ҳафт устоди хуб кор мекунанд. Таҳсил дар ин омӯзишгоҳ дуруст ба роҳ мондани овозхонӣ ва дарсҳои ҳунари актёриро дар бар мегирад. 

"Ин навоварӣ аст. Ва ман муътақидам, ки барои мо чунин як фарҳангистон зарур аст. Фикр мекунам дар ин ҷо истеъдодҳои хубе тарбият мешаванд", — изҳор дошт овозхон Ҷонибек Муродов.

Айни замон дар ин Фарҳангистон беш аз 50 нафар ҷавонон шомил шудаанд.

Барчаспҳо:
30 ҷавон, таъсис, Фарҳангистони ҳунари актерӣ, Ҷонибек Муродов, Сулаймон Неъматуллоев, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ