15:24 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
72 0 0

Владимир Ғуломҳайдаров аввалин футболбози тоҷик аст, ки ба дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, соли 1967 дар ҳайати он дар ҳашт бозӣ се гол задааст.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Футболбози маъруфи тоҷик дар замони шӯравӣ Владимир Ғуломҳайдаров 70-сола шуд ва ба ин муносибат ӯро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон табрик кард, омадааст дар иттилоъияи КМО.

"70-солагии Владимир Ғуломҳайдаров ҷашни суруру шодмонии ёру дӯстон, ҳамкасбон ва мухлисони футболи тоҷик аст. Соҷибҷашнро бо зодрӯзаш самимона табрику таҳният гуфта, барояш тансиҳативу хушбахтӣ, рӯзгори босаодат ва пирӯзиву комёбӣ орзу менамоем», — навиштааст Кумита.

Футболбози машҳур ва мураббии варзидаи тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров 26-уми феврали соли 1946 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст, аз беҳтарин футболбозони тоҷик дар асри XX маҳсуб мешавад. Ӯ нимҳимоятгари моҳир буд ва мухлисонро бо ҳунари волою техникаи олии бозиаш мафтун мекард.

Шогирди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон солҳои 1964 — 1977 дар ҳайати дастаи «Помир»-и Душанбе (то соли 1970 «Энергетик» ном дошт) бозӣ кардааст. Солҳои зиёд капитани даста буд. Ӯ дар лигаи якум дар ҳайати "Помир" дар 241 бозӣ 30 тӯб зада, ба қатори даҳ нафар беҳтарин нишонзанҳои даста дохил шудааст. Ду сол (1969-1970) шарафи дастаи машҳури «Торпедо»-и Маскавро ҳимоя кардааст.

Владимир Ғуломҳайдаров аввалин футболбози тоҷик аст, ки ба дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, соли 1967 дар ҳайати он дар ҳашт бозӣ се гол задааст.

Тӯли  40 сол Владимир Ғуломҳайдаров ба ҳайси мураббии футбол фаъолият кардааст. Таҳти раҳбарии ӯ соли 1980 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи умумииттифоқии «Гузариш» («Переправа») мақоми аввалро ишғол карда, бо ҷоизаи ҳафтаномаи «Футбол-Хоккей» сарфароз гаштааст.

Хатмкардаи Мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав солҳои 1980-1983 дар дастаи «Помир» аввал мураббӣ, баъдан сармураббӣ буд. Сипас ӯ тӯли ҳашт сол дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро ба ҳайси сармураббӣ машқ додааст. Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Ғуломҳайдаров дар солҳои 90-уми асри гузашта низ чанд муддат сармураббии «Помир», дастаҳои мунтахаби миллию олимпии кишвар ва тими «Саддам»-и Сарбанд буд.

Шурӯъ аз моҳи августи  соли 2013 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол миёни наврасон барои ҷоизаи футболбози машҳури тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров баргузор мешавад.

Маврид ба ёдоварист, Владимир Ғуломҳайдаров 20 сол боз ба ин сӯ дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба сар мебарад.  

Барчаспҳо:
футболист, бозигар, варзишгари машҳур, 70-сола, мавлуд, тими Энергетик, дастаи «Помир»-и Душанбе, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Валерий Ғуломҳайдаров, Алмаато, Маскав, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ