22:24 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Зарфҳои ҷопонӣ, аммо чойник- чинӣ

Чойи сабзи ҷопонӣ. Ё “Мочитсуки” дар маркази Душанбе

© Sputnik Азамат Сабуров
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
17321

Чанде қабл ҳамсабақонам маро ба намоишгоҳи Рӯзҳои Ҷопон дар Тоҷикистон даъват намуданд. Иддае аз онҳо аъзои гурӯҳи Клуби дӯстдорони Ҷопон ҳастанд ва эҳтимол мехостанд маро низ ба қатори худ ворид созанд.

Азамат Сабуров, Sputnik Тоҷикистон

Бояд бигӯям, ки Намоишгоҳи Ҷопон дар Маркази Исмоилияи Душанбе баргузор гардид. Барномаи намоишгоҳ хеле олӣ ва дар сатҳи хуб омода шуда буд, аз ин рӯ онҳо дар як вақт дар толорҳои гуногуни марказ ва ҳатто дар ҳавлӣ шурӯъ шуданд. Нигоҳи меҳмонон зуд-зуд ба ҳар тараф нигаронида мешуданд.

Ман бошам, бояд аз ҳамаи барномаҳо дидан мекардам, то гузориши комилу муфассал ва шавқовар омода намоям. Ҳамин тавр, худро қаҳрамони филми ҷопонӣ Наруто тасаввур карда, аз ин тараф ба тарафи дигари намоишгоҳ сар мезадам, албатта бо суръати хеле баланд, ки аз қаҳрамони тахаюлиам камӣ надошта бошам.

Шумо шояд дарк карда бошед, ки ман аз куҷо шурӯъ кардам. Бале, аввал ба толори намоиши филмҳо рафтам. Филмҳои тасвирӣ бо забони ҷопонӣ ва сатрҳои равони русӣ ба намоиш гузошта шуда буданд. Аз ҳаракати тези нинддзяҳо ва мутолиаи босуръати сатрҳои равон зуд хаста шуда, ба гурӯҳи дӯстдорони косплей ҳамроҳ шудам.

Маълумот барои бузургсолон (онҳое, ки косплейро бори аввал мешунаванд): косплей-ин як намуди бозиест, ки дар ҷараёни он ҳаводорони филмҳои тасвирӣ либосҳои қаҳрамонони дӯстдоштаашонро ба бар карда, нақши касеро дар филм бозӣ мекунанд. Ногуфта намонад, ки онҳо танҳо дӯстдорон ва бозингарон буданд, вале ҳамчун ҳунармандони ҳирфаӣ қадрдонӣ шуданд. Аз гуфтаҳои ҳамсабақонам бармеояд, ки дар давоми ду рӯзи намоишгоҳ онҳо наздики 50 сомонӣ ($6) фоида карданд. Иловаи наонқадар бад ба идрорпулӣ!

Баъд ман ба тамошои асбобҳои мусиқӣ машғул шудам ва фаҳмидам, ки "кото" (ин ситра иборат аз 13 тор) ва "шамисен" (асбоб бо гарданаи дароз) мебошад. Афсӯс, ки натавонистам дар онҳо оҳангеро навозам.

Вале дар муаррифии "шодо" (ҳунари хаттотии ҷопонӣ) ҳамаи хоҳишмандони имкон доштанд "фуде" (мавод барои навиштан)-ро гирифта, дар коғази тутии "ваши" аз санги сиёҳи "сузури" истифода бурда, иероглифҳоро тасвир намоянд. Метарсам, ки тасвирҳои маро танҳо ҷопониҳои дар Тоҷикистон ба дунё омада мефаҳманду халос.

Дарк кардам, ки хаттот аз ман намебарояд, аз ин рӯ хостам худро дар санъати ашёҳои қоғазӣ, маъмул бо номи "оригами" санҷам. Ҳамаи супоришҳои устодро иҷро намуда, дар охир як шаклеро, ки ба дев аз филми "Бегона" хеле ҳам монанд буд, пайдо кардам.

Тамошои "икебана" —санъати миллии ороиши гулҳо ба ман неруи тоза бахшид. Намоиши назм ба намуди ороиши гулҳо ба рӯҳу ҷонам оромӣ бахшид ва ман дарк кардам, ки хеле ташна шудаам.

Икебана: японское хокку, рассказанное растениями
© Sputnik Азамат Сабуров
Икебана: хоккуи ҷопонӣ, ки аз забони растаниҳо сифат мешавад

Ду қадам аз ман дуртар санъати чойнӯшии "садо" шурӯъ мешуд. Устодони ҳунар ин санъатро хеле нозукона дар зарфҳои зебо ба мардум намоиш медоданд. Вале обро дар чойники электрикӣ ҷӯшониданд.

Посуда японская, а электрочайники - китайские
© Sputnik Азамат Сабуров
Зарфҳои ҷопонӣ ва чойники чинӣ

Маззаи чойи ҷопонӣ- чойи сабзи пур аз кафк ғайриоддӣ менамуд. Меҳмонон баъди нӯшидан эҳсосоти гуногун доштанд: яке худро ноҳинҷор ҳис карда, то охир чойро қаҳрамонона менӯшид, дигарӣ баъди чашидан зарфро бо марҳамати хосаву лутфи зиёд бармегардонд.

Як зан мехост бифаҳмад, ки оё аз нӯшидани ин чойи экзотикӣ сархуш мешавад, ё не. Ин кӯшишҳои ӯ боис гардиданд, ки ман тарсида барои рафъи "мастӣ" оби минералӣ харам.

Баъди чойнӯшӣ ташкилкунандагони намоишгоҳ ба тайёр кардани ширинии "мочи" (зада дар ҳиҷои аввал) аз биринҷ пардохтанд. Дар Ҷопон онро асосан дар санъати "мочисуки" мепазанд. Дар аввал биринҷро ба зарфи калони сангӣ андохта бо путки махсуси чӯбӣ мекӯбанд. Аз ҳама асосӣ бояд дар вақти тайёркунӣ ба дасти ҳамроҳат, ки зарфро тоб медиҳад, зарба назанӣ.

Таджикский студент изображает героя японского аниме
© Sputnik Азамат Сабуров
Донишҷӯи тоҷик дар нақши қаҳрамони филми ҷопонӣ

Ба хамири тайёршуда пораҳои шоколод ҳамроҳ мекунем. Кулчақанд ҳам ширин ва ҳам бомазза ва ҳам часпак мешаваду дандонҳоро то дергоҳ тарк намекунад.

Бо қисмҳои "мочи" муборизакунон (албатта бо дандонхилол!) ман ба тамошои намоиши устодони ҳунарҳои куштии Будо (дзюдо, кендо, каратэ ва дигар намудҳо) рафта каме рақс ҳам кардам.

Ава одори- рақси сокинони ҷазираи Сикокуи Ҷопон аст. Вале рости гап, ин рақс ба ман рақси қуи дар ҳолати мурдаро ба ёд меовард.

Инженер по ТБ: осторожно - пальцы!
© Sputnik Азамат Сабуров
Эҳтиёт шавед! Боз дастатон зери путк намонад!

Дар автобуси пур аз мусофир ба хона баргашта, ман фикр кардам, ки ба чӣ кор машғул шавам: сериоли дӯстдоштаам "Блитч"-ро тамошо кунам, ё китоби Муракамиро хонам.

Дар ниҳояти кор, ҳисси масъулиятшиносиам боло гирифту ман роёнаи куҳнаамро кушода, ба навиштани таассуротам аз фарҳанги баланди Ниппона шурӯъ кардам.

Барчаспҳо:
путк, будо, икебана, Мотсуки, чойи сабз, Намоишгоҳи фарҳанги Ҷопон, Сафорати Ҷопон дар Душанбе, Наруто, Душанбе, Токио, Ҷопон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ