04:26 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0

Дар арафаи 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни овозхонон, навохтани асбобҳои мусиқӣ, оҳангсозӣ ва рақс баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон фестивал-озмуни ҷумҳуриявии "Суруди Ватан" баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Озмун дар остонаи таҷлил аз 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосӣ аз баргузории фестивал дарёфти сурудхонони боистеъдод, навозандагон, раққосон ва тарғиботи истеъдодҳои асил мебошад.

"Иштирокчиёни ҷашнвора-озмун истеъдоди худро дар бахшҳои сурудхонӣ (жанри академӣ, мақом, сурудхонии анъанавӣ, эстрада ва фалак), навозандагӣ (асбобҳои миллӣ ва аврупоӣ, ансамбл, оркестр), оҳангсозони ҷавон, рақс (якка ва гурӯҳӣ) муаррифӣ хоҳанд кард", —гуфта мешавад дар иттилоъия.

Бахши ниҳоии озмун моҳи майи соли равон доир мегардад.

 

Мавзуъ

Эълони ҷоизаи президент ба беҳтарин маорифчиёни Тоҷикистон
Барчаспҳо:
Суруди Ватан, фестивал, озмун, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ