23:51 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Полки ҷовидон. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистониён қатори “Полки ҷовидон”-ро дар Маскав пур мекунанд

© wikimedia.org
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
7010

Аксари иштирокчиёни маросим мехоҳанд бо либоси миллӣ ба шаҳр баромада аз аввали роҳ то охир бо суратҳои собиқадорони ҷанг- хешовандони худ қадам зананд.

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистони муқими пойтахти Русия дар чорабинии бахшида ба 71-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок мекунанд.

Ба гуфти масъули гурӯҳи тоҷикон Аслишо Акимбеков зиёда аз ҳазор нафар хоҳиши иштирок дар ҷашни поси хотири собиқадорони ҷанг карда, мехоҳанд дар кӯчаҳои Маскав ба "Полки ҷовидон" ҳамқадам гарданд.

Дар баробари ин 600 нафари онҳо мехоҳанд аз аввали саршавии қадамзанӣ то охир бо суратҳои бобоёну хешовандони худ қадам зананд.

"Аксари иштирокчиён бо либоси миллӣ ё танҳо бо тоқии миллӣ ба маросим меоянд",-шарҳ дод Акимбеков.

Хатсайри иштирокчиён аз истгоҳи метрои "Динамо" шурӯъ шуда, тавассути хиёбони Ленинград бо тай кардани кӯчаҳои Тверская, Тверская-Ямская, Охотний ряд идома ёфта, дар Майдони Сурх ба анҷом мерасад.

Аксия соати 15:00 ба шурӯъ шуда то соати 18:00 идома мекунад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон қадаммониро аз кӯчаи Лесная назди истгоҳи метрои "Белорусская" сар мекунанд.

"Полки ҷовидон"-ҳаракати ҷамъиятӣ буда дар он ихтиёриён бо суратҳои бобоён ё хешовандони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат кардаанд иштирок мекунанд. Ин чорибинӣ ҳамасола дар Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон гузаронида мешавад.

Чорабинӣ бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, хонаи миллатҳо дар Маскав ва ташкилоти ҷамъиятии минтақавии "Нур" гузаронида мешавад.

 

 

 

 

Мавзуъ

Аксияи “Полки мағлубнашаванда” дар Шветсария, Австралия ва Малта
Дар Петербург гузари "Полки абадӣ" бо аксҳои куҳансарбозон баргузор шуд
Барчаспҳо:
қадамзанӣ, собиқадорони ҶБВ, ба ифтихори рӯзи Ғалаба, ташкилоти "Нур", хонаи миллатҳо, сафорати Тоҷикистон дар Русия, Аслишо Акимбеков, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ