09:21 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
24 0 0

Дар ҳашт ҳазор нуқтаи аҳолинишини қаламрави Русия зиёда аз 15 ҳазор чорабиниҳои ҷашнӣ доир гардиданд. Шумораи зиёдтарини мардум ба шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург рост меояд.

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар давраи ҷашнгирии иди Ғалаба рӯзи 9 май дар Русия тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти халқ пурра таъмин карда шуда, дар ҷашнвора наздики 24 ҳазор нафар ширкат варзиданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба намояндаи расмии ВКД-и Русия Ирина Волк.

"Наздики 24 ҳазор нафар дар ҷашни 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуданд. Тартибот ва амният дар қаламрави Федератсияи Русия ба пуррагӣ таъмин шуд",-гуфт Волк.

Мувофиқи маълумоти мақомоти милитсия дар 8 ҳазор нуқтаи аҳолинишини қаламрави Русия зиёда аз 15 ҳазор чорабиниҳо-паради ҳарбӣ, гузоштани гулчанбар, консертҳо ва салют гузаронида шуд. Шумораи зиёдтарини мардум дар ҷашнвора дар пойтахти кишвар (7,4 миллион нафар), Санкт-Петербург ва Вилояти Ленинград (1,2 миллион нафар), Вилояти Свердловск (1,01 миллион нафар) ва вилояти Краснодар (850 ҳазор нафар) ҷамъ омаданд.

Барои таъмин намудани амният дар рӯзҳои ҷашнӣ зиёда аз 237,3 ҳазор нафар, аз ҷумла 181,5 кормандони пулис, зиёда аз 10 ҳазор намояндагони Гвардия, наздики 24 ҳазор намояндагони дастаҳои миллӣ, 10,5 ҳазор намояндагони ширкатҳлои хусусӣ ва ғайраҳо ҷалб шуданд.

Ирина Волк ҳамчунин қайд намуд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар баробари таъмини амният, ҳамчунин дар қадамзанӣ ба "Полки Ҷовидон" ҳамроҳ шуданд.

"Полки ҷовидон"-ҳаракати ҷамъиятӣ буда дар он ихтиёриён бо суратҳои бобоён ё хешовандони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат кардаанд иштирок мекунанд. Ин чорибинӣ ҳамасола дар Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон гузаронида мешавад.

 

 

Мавзуъ

Аврупоиён ва амрикоиҳо дар бораи нақши ИҶШС дар ҶБВ намедонанд
Барчаспҳо:
24 ҳазор нафар, таъмини амният, ҷашни рӯзи Ғалаба, Ташкилоти ҷамъиятии "Полки ҷовидон", ВКД Русия, Ирина Волк, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ