12:31 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Ин сафари фарҳангӣ дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳанги Хатлон дар Бадахшон ва ба истиқболи таҷлили Рӯзи Ваҳдат ҷараён мегирад.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Аз 25 май то 1 июни соли равон баргузории Рӯзҳои фарҳанги вилояти Хатлон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назар дошта шудааст ва ба ин хотир аҳли ҳунари вилоят ба ин сафар омодагии ҳамаҷониба мебинанд, иброз доштанд дар Вазорати фарҳанг.

Сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Бурҳониддин Раҷабов мегӯяд,  дар ин сафар ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа, Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо барномаҳои пурмазмуни фарҳангӣ озими Бадахшон хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, овозхони шинохтаи кишвар Маҳмадалӣ Аюбов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Аловиддин Абдуллоев ва дигар санъаткорон бо барномаҳои рангини мусиқиву ҳаҷвӣ табъи тамошобинони бадахширо дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ болида хоҳанд кард.

Мавзуъ

ВМКБ: журналистон дар ҳузури раиси вилоят аз Ваҳдат мегӯянд
ВМКБ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ тайёрӣ мебинад
Барчаспҳо:
барномаҳои фарҳангӣ, Рӯзҳои фарҳанги вилояти Хатлон дар ВМКБ, Аловиддин Абдуллоев, Маҳмадалӣ Аюбов, Бурҳониддин Раҷабов, ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ