17:22 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Нависандаи Кореяи Ҷанубӣ Хан Канг дорандаи ҷоизаи Букер

Бори нахуст нависандаи Кореяи Ҷанубӣ соҳиби ҷоизаи Букер гардид

© REUTERS / Neil Hall/File Photo
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
20 0 0

Номи ҷоизадори яке аз ҷоизаи маъруфтарини соҳаи адабиёт, ки дар ду сол як маротиба баргузор мегардад, рӯзи душанбе дар маросими расмӣ дар осорхонаи Виктория ва Албертаи Лондон маълум гардид. Хан Канг аввалин нависанда аз Кореяи Ҷанубист, ки соҳиби ҷоизаи Букер гардид.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Нависандаи Кореяи Ҷанубӣ Хан Канг соҳиби ҷоизаи байналмиллалии Букер барои романи "Гиёҳхӯр" (Вегетарианец) гардид.

Номи ҷоизадори яке аз ҷоизаи маъруфтарини соҳаи адабиёт, ки дар ду сол як маротиба баргузор мегардад, рӯзи душанбе дар маросими расмӣ дар осорхонаи Виктория ва Албертаи Лондон маълум гардид.

Хан Канг (45 сола) ҳатто аз барандаи Нобел Орхан Памук ва нависандае, ки номаш маҳфуз буда бо тахаллуси Елена Ферранте китоб менависад, пеш гузашт.

Канг намояндаи аввалин аз Кореяи Ҷанубист, ки ҷоизаи Букерро ба даст овардааст.

Ба ҳайати доварон, ки аз 155 китоб бояд 6 ададро интихоб менамуданд, нависанда Бойд Тонкин, антрополог ва романнавис Тахмима Анам, профессори адабиёти фаронсавӣ Дэвид Бэллос, ношир Дэниэл Медин ва шоири бритонӣ Рут Пэдел дохил шуданд.

Ҷоизаи байналмиллалии Букер соли 2005 таъсис дода шудааст. Дар муқоиса бо ҷоизаи Букер, ки ҳамасола барои нависандагони Британия, Ирландия ва кишварҳои Созмони бритониявӣ дода мешавад, ҷоизаи байналмиллалии Букер барои нависандагони хориҷӣ, ки асарҳояшон ба забони англисӣ тарҷума карда шудаанд, тақдим мегардад. Соли 2016 бори нахуст ҷоиза на барои эҷод балки барои китоби мушаххас дода шуд.

Ба ғолиби озмун 50 ҳазор фунт тақдим мегардад. Ба дигар нависандагон ва тарҷумонҳо, ки ба рӯйхати беҳтаринҳо дохил шудаанд, ба миқдори 1 ҳазор фунт тақдим мегардад.

Барчаспҳо:
"Гиёҳхӯр", ҷоизаи соҳаи адабиёт, ғолибият, ҷоизаи Букер, Хан Канг, Кореяи Ҷанубӣ, Лондон

Мавзӯъҳои асосӣ