06:27 18 феврали 2018
Пахши мустақим
Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Афзоиши теъдоди асарҳои нодир дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Баъд аз ифтитоҳи китобхонаи замонавӣ, яъне Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар таърихи 20-уми марти соли 2012, кормандони шӯъба вазифадор гаштанд, ки ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои нодир аз аҳолиро идома диҳанд.

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Тайи се соли ахир теъдоди нусхаҳои хаттӣ дар бойгонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 2200 то 2576, яъне 367 адад афзуда, теъдоди китобҳои чопи сангӣ низ ба ҳамин миқдор зиёд шудааст, иброз дошт сардори шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Додихудоев.

"Танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз аҳолӣ 26 адад нусхаҳои хаттӣ ва 13 адад китобҳои чопи сангӣ дар мавзӯҳои гуногун харидорӣ гардид, ки қадимтаринашон китоби "Анвору-т-танзил ва асрору-т-таъвил"-и Носируддин Абулхайр Абдуллоҳ ибни Абулқосим Умар ибни Маҳмуд ибни Абулҳасан Алии Байзовӣ мебошад",-меафзояд ӯ.

Ба қавли Додихудоев,аз  аввали моҳи апрел то нимаи моҳи майи соли ҷорӣ аз аҳоли 68 адад нусхаҳои хаттӣ ва китобҳои чопи сангӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки онҳо дар ҳоли таҳқиқу омӯзиш қарор доранд ва рўзҳои наздик ба комиссияи харидории китоб пешниҳод хоҳанд гашт.

Дар баробари ин 22 адад гузинаи электронии нусхаҳои хаттии нафису камёбро аз китобхонаҳои хориҷи кишвар ба шӯъба ворид намуданд, ки дар оянда барои донишмандону муҳаққиқон кумаки бештаре хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, аксари ин нусхаҳои хаттӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудаанд. Дар байни онҳо осори доир ба илми дин, фалсафа, мантиқ, таърихи умумӣ, таърихи Осиёи Марказӣ, кишварҳои Эрону Афғонистон, Ҳиндустон ва дигар мамолики Шарқ, ҳамчунин илмҳои риёзиёт, нуҷум, забону адабиёт, бахусус осори гаронбаҳои ниёгонамон мавҷуд аст.

Барчаспҳо:
ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ, Китобхонаи миллӣ, Раҷабалӣ Додихудоев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Амир Урунов ба ҳайси Сафири ҷавони Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос Айрес - 2018 (Аргентин) интихоб гардид

    Аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ Амир Урунов ба ҳайси Сафири ҷавони Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос Айрес - 2018 (Аргентин) интихоб гардид ва ӯ Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард

    1625
  • Вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода

    Вазир гуфт, самараи фаъолияти кормандони ВУД сол то сол беҳтар гардида, саҳми онҳо дар иҷрои саривақтии вазифаҳои хизматии хеш, пешгирӣ, ошкор ва мубориза ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бештар аст

    87
  • Дарвеши муаллақ, акс аз бойгонӣ

    Акнун дар кӯчаҳои Бухоро гардишгаронро як тамошои дигар интизор аст - "дарвеши муаллақ". Кумитаи гардишгарии Узбакистон расман иҷоза додааст, ки дарвеш ба сайёҳон ҳунари худро нишон диҳад

    166