01:55 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
66210

Ду ситораи эстрадаи тоҷик- Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов, ки алъон бо як сафари ҳунарӣ дар Русия қарор доранд, аснои мусоҳиба бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи орзуву тасмимҳои баъдиашон гуфтанд.

ДУШАНБЕ, 25 май- Sputnik. Рӯзи якшанбеи гузашта дар Маскав, дар толори консертии "Россия" консерти сарояндагони маъруфи Тоҷикистон, Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов баргузор гардид.

Баъди ин, Шабнам ва Ҷонибек дар Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ карда, мебоист консерти ниҳоиашонро имрӯз, 25 май дар шаҳри Екатеринбург баргузор менамуданд, аммо бо сабаби мушкилоти фаннӣ ин чорабинӣ доир нашуд.

Ҳамакнун, фишурдаи суҳбати овозхонҳои тоҷикро дар бораи бардошташон аз Маскаву истиқболи мухлисон қабл аз баргузории консерт пешниҳоди шумо менамоем.

"Ман аз ин консерт нерӯи тозаро интизорам. Ман дер боз дар Маскав баромад накарда будам, фикр мекунам, ки мухлисон моро гарм пазироӣ хоҳанд кард",-иброз дошт Шабнам.

Ҷонибек ҳам гуфт, ки интизори ҳузури бештари мухлисон аст ва руҳияи худаш ҳам идона аст.

 Ҳама гап дар забони форсист

Ба назари Шабнам, сабаби интихоби ҳамин се шаҳри Русия: Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург ин ҳузури нисбатан зиёдтари мардуми тоҷик дар ин шаҳрҳо мебошад. Ва албатта, ин мардум забони тоҷикӣ (форсӣ)-ро бисёр хуб медонанд.

Сабаби машҳур шуданашро дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон низ Шабнам дар ҳамин омил мебинад.

"Ҳамаи ин мардум дар се кишвар бо як забон ҳарф мезананд ва маънои суруду таронаҳои маро хуб дарк мекунанду медонанд. Ба куллияи форсизабонони дунё шунидани мусиқии тоҷикӣ писанд меояд",- илова кард бонуи ҳунар. 

 Барнома

Барномаи консертии Шабнам аз сурудҳои дилнишину дилнавоз иборат буд . Таронаҳое амсоли "Макун фандам", "Сояҳо", "Аз та дил дилак кинум"-аз дӯстдоштатарин сурудҳои мухлисон буданд.

"Дар оянда ман мехоҳам натанҳо дар се шаҳри Русия, балки дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла Қазон, Краснодар, Самара ва ғайраҳо баромад намоям",-изҳор дошт Шабнам.

Дар нақша буд, ки имсол дар Краснодар низ консерти Шабнам баргузор гардад, вале аз сабаби тангии фурсат ва машғулияти зиёди овозхон ин тасмим ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Тасмим

"Ба наздикӣ мо аз Канада, ки он ҷо низ бо сафари ҳунарӣ қарор доштем, баргаштем. Ва акнун сафари ҳунариамонро дар Русия идома медиҳем. Дар пеш моро мухлисон дар Аврупо, Амрико, Австралия ва Канада   интизоранд",-нақл кард Ҷонибек.

Ба гуфти ӯ, имсол баргузории 40-50 консерти якҷояро бо Шабнам дар гӯшаву канори дунё ба нақша гирифтаанд.

Дар давраи консертҳои якҷоя дӯстии  ду овозхони машҳур боз ҳам қавитар гардид, ҳарчанд ки қаблан низ дӯст буданд.

"Бо сарояндаи касбӣ ҳамкорӣ кардан хуб аст. Шабнам яке аз сарояндагони беҳтарини кишварамон аст. Бо ӯ ҳамкорӣ кардан хеле хуб аст. Якҷоя кор боз нағзтар аст",-изҳор дошт Ҷонибек.

Айни замон овозхонҳо ба сабти албоми ҷадид шурӯъ кардаанд ва феҳрасти он қариб тамоман нав аст. 

"Дар моҳи шарифи Рамазон мо истироҳат мекунем ва баъд ба сабти сурудҳо ва клипҳои нав мепардозем",-афзуд ӯ.

Шабнам бошад, дар сар ҳавои сабти чанд сурудро бо забони русӣ дорад. Ӯ мегӯяд дар зудтарин фурсат ин корро шурӯъ хоҳад кард.  

😎✌️🇨🇦🇹🇯

Фото опубликовано Jonibek Murodov (@jonibekmurodov) Май 14 2016 в 8:04 PDT

 Модар- ҳунарманд, духтар- ҳуқуқшинос

Аснои суҳбат Шабнам гуфт, суруду таронаҳояш ба духтараш писанданд.

Ба қавли ӯ, духтараш бо ҳунари модар зиндагӣ мекунад, чун ӯ ҳамеша аз сурудхонии модар лаззат мебарад ва аз аввалин шунавандаҳои ӯст. Вале дар баробари ин,  духтари Шабнам намехоҳад, касби модар ва бибияшро идома диҳад.

"Духтарам намехоҳад сароянда шавад, вай мехоҳад дар оянда ҳуқуқшинос шавад",- нақл кард Шабнам.

Вақте аз Шабнам пурсидем, ки "оё ӯ худро Адели Тоҷикистон мешуморад ё хайр", Шабнам посух дод, ки барояш "Примадонаи тоҷик" (дарвоқеъ дар Тоҷикистон ӯро чунин ном мебаранд- шарҳ аз идора) будан беҳтар аст.

Бо ҳунарманди мардумии Русия, ки чунин тахаллус дорад, Шабнам қасди иҷрои суруди муштаракро дорад.

"Мехоҳам бо бо Алла Пугачева муштарак тарона хонам. Аммо дар бораи ҳамкорӣ бо дигар сарояндаҳи ҷавони рус то ҳол фикр накардаам",- иброз дошт Шабнами Сурайё.

Shabnami Surayo, the winner of the Millenium Award ‪#‎BAMA‬ 2015, Barclaycard Arena Hamburg ❤️ ( dress by: @lidiyaandre #lidiyaandre)

Фото опубликовано 🎬Welcome To Official Page (@shabnamisurayo_page) Янв 14 2016 в 12:16 PST

Мавзуъ

Шабнами Сурайё ба Русия меравад. Бо вижасафари ҳунарӣ
Барчаспҳо:
сӯҳбат, мусоҳиба, Шабнами Сурайё, Ҷонибек Муродов, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ