Зебинисо Рустамова президенти Ассотсиатсияи олимпичиён ба истеъфо рафт

© Sputnik / П. Бейлиц-Гайман / Гузариш ба медиабонкЗебинисо Рустамова-ҷоизадори Бозиҳои Олимпӣ. Акс аз бойгонӣ
Зебинисо Рустамова-ҷоизадори Бозиҳои Олимпӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони ҷаҳон, ҷоизадори Бозиҳои Олимпӣ оид ба камонварӣ, ки шурӯъ аз соли 2013 то 2016 ба ҳайси раиси Асотсиатсияи варзишгарони Тоҷикистон фаъолият мекард, ба истеъфо рафт.

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Варзишгари машҳури тоҷик Зебинисо Рустамова аз вазифааш-раиси Асотсиатсияи варзишгарони Тоҷикистон даст кашид.

Қаҳрамони ҷаҳон, ҷоизадори Бозиҳои Олимпӣ оид ба камонварӣ, ки шурӯъ аз соли 2013 то 2016 ба ҳайси раиси Асотсиатсияи варзишгарони Тоҷикистон фаъолият мекард, ба истеъфо рафт.

Зебинисо Рустамова, ки вазифаи раисии Асотсиатсияи варзишгарони Тоҷикистонро шурӯъ аз соли 2013 инҷониб бар дӯш дошт, мегӯяд муҳим он аст, ки  ба ин симмат бояд нафари сазовор, ҷоизадори Бозиҳои Олимпӣ ва ғолиби дигар мусобиқаҳои машҳури ҷаҳонӣ интихоб гардад.

Дар ояндаи наздик ҷаласаи интихобӣ баргузор мешавад ва дар он исми роҳбари ҷадиди Асосиатсияи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мегардад.

Зебинисо Рустамова: “Духтарак аз Помир" қаҳрамони ҷаҳон шуд

Рустамова ҳанӯз соли 2013 хоҳиши ба истеъфо рафтан дошт. Варзишгари машҳури тоҷик дар вилояти Суғд зиндагӣ мекунад ва ба шаҳри Душанбе зуд зуд омада наметавонад. Ин яке аз сабабҳои асосии ба истеъфо рафтанаш мебошад. Дар баробари ин ӯ дар Маркази дастгирии занон ва кӯдакон фаъолият дорад ва ҳамчунин дар вилояти Суғд клуби камонварӣ бо иштироки Зебинисо фаъол аст.

Ёдовар мешавем, ки президенти Асоссиатсия Эмомали Раҳмон буда, муовинони ӯ Муҳаммадшо Абдуллоев, Баҳрулло Раҷабалиев мебошанд. Ҳамчунин аъзоёни ташкилот Мавзуна Чориева, Ҷаҳон Қурбонов ва дигар варзишгарони машҳур ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0