Миср ва Арабистони Саудӣ интизори сиркбозони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевТолори сирк дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Толори сирк дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Авоили моҳи июли соли равон дар доираи барномаи Байналмиллалии сиркӣ ҳунармандони Русия, Итолиё ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Гурӯҳи ҳунармандони сирки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳунарнамоӣ кардан ба давлатҳои хориҷа даъват шудаанд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Раққосони тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раққосони тоҷик дар фестивали Осиё ва Уқёнуси Ором иштирок мекунанд

Ҳамин тавр ҳафт нафар сиркбозони тоҷик дар фестивал иштирок мекунанд. Ҷашнвора аз ҷониби ширкати байналмиллалии Миср оид ба ҳунари сиркбозон рӯзи 20 июн баргузор мегардад.

Дар баробари ин дар доираи барномаи Байналмиллалии сиркӣ  ҳунармандони тоҷик дар Арабистони Саудӣ баромад мекунанд. Дар аввалҳои моҳи июли соли равон ҳунармандон аз Русия, Итолиё, кишварҳои Африқо ва дигар манотиқи ҷаҳон ҳунари худро пешкаши тамошобинон мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0