Дар Душанбе филми “12 соли интизорӣ” намоиш дода мешавад

© SputnikФилми "12 соли интизорӣ". Акс аз бойгонӣ
Филми 12 соли интизорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар филм, ки аз ҷониби студияи “Суғдсинамои ба номи К. Ярматов” ҳунармандоне чун Муҳаммадали Маҳмадов,Муҳаммадҷон Шодиев, Тахмина Раҷабова ва дигарон нақш офаридаанд.

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон намоиши филми "12 соли интизорӣ" баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии вазорати фарҳанги кишвар.

Дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев санаи 12 июл намоиши филми "12 соли интизорӣ" баргузор мегардад.

"Дар филм, ки аз ҷониби студияи "Суғдсинамои ба номи К. Ярматов" омода шудааст, ҳунармандоне чун Муҳаммадали Маҳмадов,Муҳаммадҷон Шодиев, Тахмина Раҷабова, Моҳпайкар Ёрова, Фарҳод Тухташов, Ваҳҳоб Дустов, Хуршед Мустафоев  ва дигарон нақш офаридаанд",-омадааст дар хабарнома.

Филми "12 соли интизорӣ" аз ҷониби студияи "Суғдсинамои ба номи К. Ярматов" дар якҷоягӣ бо шабакаҳои телевизионии "Синамо" ва "Танин" наворбардорӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0