23:37 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Шуҳратҷон Ёров. Акс аз бойгонӣ

Сафарҳои намоишии аксбардори тоҷик дар шаҳрҳои Русия

© Страница Шухратджона Ёрова в Facebook
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
27 0 0

Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Русия Шуҳратҷон Ёров зебогиҳои Тоҷикистонро дар се шаҳри Русия намоиш медиҳад.

ДУШАНБЕ,10 авг —Sputnik. Дар Владикавказ (Русия) ифтитоҳи намоишгоҳи суратҳои аъзои конфронси байналмиллалии журналистон, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Русия Шӯҳратҷон Ёров баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ аксҳое, ки таҷассумгари таърих ва фарҳанги Тоҷикистон, зебогиҳои табиатии кишвар ва ҳамчунин анъана ва урфу одатҳои тоҷикона мебошад, ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Ин чорабинии фарҳангӣ ба  25-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Дар ояндаи наздик  Шӯҳратҷон Ёровро кушодашавии боз ду намоишгоҳ-яке дар шаҳрҳои Доғистон ва пасон дар Маскав интизор аст.

Аз тамошои зебогиҳои диёри тоҷикон хоҳишмандон метавонанд дар китобхонаи Северо-Осетинскии ба номи Гайто Газданова ҳаловат баранд.

Дар баробари ин, дар китобхона корҳои эҷодии Бимболот Ватаев, лаурияти мукофоти  давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, ба маъраз гузошта шудааст. Муаллиф меҳмононро бо суратҳое, ки дар киностудияи "Тоҷикфилм", ҳангоми сабти филмҳои "Ҳасани аробакаш", "Достони Рустам" ва "Достони Сиёвуш"омода шудаанд, шинос менамояд.

Мавзуъ

Дар Маскав асарҳои рассомони тоҷикро ба намоиш мегузоранд
National Geographic дар бораи нони тоҷикӣ наворе ба намоиш гузошт
Барчаспҳо:
анъана ва урфу одатҳо, намоиши аксӣ, фарҳанги миллӣ, Шуҳратҷон Ёров, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ