21:23 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
34 0 0

Намудҳои гуногуни оши палав ба хоҳишмандон пешниҳод карда мешавад, ки маблағи он пурра ба хайряи кӯдакони бемор мегузарад.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи дигар, санаи 27-уми август дар Петербург фестивали "Санъати палав"  бургузор мегардад. Дар он аз намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ — ошпазҳои моҳир ин намуда хӯроки  машҳури шарқиро омода мекунанд.

Sputnik Тоҷикистон бо ташкилкунандаи ин ҷашнвора —Марина Мелник сӯҳбат намуд ва сирри тайёрӣ ба ин ҷашнвораи аз ҳама "болаззати" солро дониста гирифт.

Ҷашнвораи иштиҳо

Ҷашни палав дар пойтахти шимолӣ дуввум сол аст, ки баргузор мешавад. Соли гузашта "иди иштиҳо" моҳи октябр баргузор гардида буд. Аммо ҷашнвора на дар Майдони қаср ва на дар Хиёбони Невский, балки дар ноҳияи Рибатский баргузор гардида буд. Ба гуфтаи Марина Мелник истиқоматкунандагони ин ноҳия аз ин иқдом хело хурсанд гашта онро ҳамчун "Ҷашнвораи иштиҳои калон" пешвоз гирифтанд.

Дар ҳақиқат ҳам бояд на ҳама ҷашнвораҳо дар марказ баргузор гарданд. Зеро махсусан дар ана ҳамин қисми шаҳр одамони оддӣ бо кӯдаконашон зиндагонӣ мекунанд. Барои падарон ва модарони ҷавон бо кӯдаконашон ин ҷашнвораи мо хело ҷолиб аст. Худатон мулоҳиза кунед: бо кӯдак то марказ. Албатта, ҳар як волидайн ин фикри маро аллакай фаҳмид.  Дар ноҳияҳои атроф бошад, ҷашнвора дар худи ҳавлиҳояшон шуда мегузарад. Ғайр аз ин ҷашнвораи хуби оилавст!

Барои ҳамин имсол ҳам ҷашнвора дар Рибатский мешавад. "Иди иштиҳоро" намояндагони санъат ва масхарабозон оро медиҳанд, ки онро маъмурияти ноҳия ташкил мекунад.

Марафон Культ плова. Архивное фото
Компания "Фабрика фестивалей"
Ҷашнвораи "Маззаи палав". Акс аз бойгонӣ.

"Соли гузашта ба чорабинӣ мо намояндагони санъатро даъват накарда будем, аммо тантанавор гузашта буд. Имсол бошад мо ин чорабиниро паҳн карда истодем- ҳам дар ВАО ва ҳам ба халқ. Одамон ба соли гузашта дида дуву ним баробар зиёд меоянд. Мо зиёд мешавам,  фестивал бошад то рафт машҳур мешавад",- гуфт Марина Мелник.

Ба гуфтаи вай шахсони машҳур низ ташриф меоранд, аммо номи онҳо ҳоло номбар карда нашудааст.

Мусобиқаи ошпазон

Ин ҷашнвора байналмиллӣ набошад ҳам, дар он намояндагони кишварҳои зиёд ширкат меварзанд. Бисёре аз ошпазон аз давлати Ӯзбакистон меоянд. Ҳамин қадар  аз Тоҷикистон ва Туркманистон палав мепазанд. Аз Арманистон духтаре меояд, ки  оши палави арманиро омода мекунад.

"Ошпазон аз Қирғизистон ҳоло ҷавобе надоданд. Мо ба қунсулии Қирғизистон муроҷиат намудем. Онҳо моро фаҳмиданд ва ваъда доданд, ки кӯмак мерасонанд.  Аммо мутаассифона ягон хоҳишманди иштирокчии ин чорабинӣ аз Қирғизистон пайдо нашудааст. Шояд мақолаи Шумо дар байни ошпазони қирғиз хоҳишмандони иштирокчии ҷашнвораро дарёфт мекунад",- шикояткунон муроҷиат кард ташкилотчӣ.

Бисёре аз ошпазон дар тарабхонаҳои шарқӣ кор мекунанд, аммо ошпазони хусусӣ низ ширкат меварзанд.

 

Казан с пловом. Архивное фото
Компания "Фабрика фестивалей"
Анаъанаҳои миллӣ. Акс аз бойгонӣ.

"Ошпазон байни худ мусобиқа мекунанд. Халқ беҳтарин ошпазро интихоб мекунад. Албатта, ғолибонро туҳфа интизор аст. Аммо мағлубият нест. Бароямон натиҷаи мусобиқа муҳим нест, балки фазои ғулғуладори ин чорабини муҳим аст ",- фаҳмонид Мелник.

"Ҳам хайр намудан ва ҳам тановул кардан"

Чорабини бо дастгирии бунёди хайриявии "АдВита", ки ба кӯдакони бемории саратон кӯмак мерасонад гузаронида мешавад. Ин гуна кӯдакон ба ёрӣ мӯҳтоҷанд. Барои ҳамин оши палав ба ивази маблағ дода мешавад.

"Дар ҷои гузаронидани фестивал сандуқи хайрия гузошта мешавад. Раванди он чунин аст: меҳмони ҷашнвора ба сандуқ метавонд маблағи хостаашро дохил кунад. Пасон ба вай лаълии пластикӣ дода мешавад. Тамом, рафта палав мегиранд. Дар охири ид ҳамаи пулҳоро намояндагони бунёди хайриявӣ мегиранд, то ба кӯдакони ниёзманд сарф карда шавад.",- мефаҳмонид ташкилотчӣ.

 

Маҳсулот ва деги оши палавро худи ошпазон меоранд.

 

Соли 2016 ҷашни Оши палав аллакай дар якчанд шаҳрҳо баргузор гардид:  Ростове-на-Дону, Сочи, Уляновск, Кемерово, Маскав. Аммо дар шаҳри Сант- Петербург аз ҳама ҷашнвораи калонтарини он шуда мегузарад.

Марафон Культ плова. Архивное фото
Компания "Фабрика фестивалей"
Ыашнвораи "Оши палав". Акс аз бойгонь

 

"Агар ин чорабинӣ дар шаҳри  Санкт-Петербург бо муваффақият шуда гузарад, диққати  одамон ва ВАО-ро ҷалб кунад, пас чорабинии расмии пӯшидашавии ҷашнвора низ дар ҳамин шаҳр шуда мегузарад. Ҷашнвора ҷамъбаст мешавад. Ошпазон аз дигар ниҳияҳо меоянд. Пасон соли ояндаро интизор мешавем. Зеро зимистон дар кӯча ош пухта намешавад. Ҳаво хело хунук аст! ",- гуфт, ташкилотчӣ.

 

 

Мавзуъ

Наврӯз дар НКХХ-и Маскав: аз оши палави тоҷикӣ то сюрпризи "Авесто"
Барчаспҳо:
Ҷашнвораи оши палав, Марина Мелник, Санкт-Петербург, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ