Дар Маскав шаби эҷодии коргардони тоҷик баргузор мегардад

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкБабина бо киноплионкаи кӯҳна. Акс аз бойгонӣ
Бабина бо киноплионкаи кӯҳна. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чорабинӣ дар муносибати 60 солагии коргардон ва Рӯзи синамои Русия баргузор мегардад. Ба тамошобинон филми “Презумпция согласия” ва барномаи консертӣ намоиш дода мешавалд.

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар Маскав шаби эҷодии коргардони тоҷику рус Фарҳод Абдуллоев баргузор мегардад, омадааст дар саҳифаи Маркази фарҳанги Тоҷикистон.

Ба нақша гирифта шудааст, ки чорабинӣ санаи 25-уми августи соли 2016 дар китобхонаи илмии марказии ба номи Н. А. Некрасов бахшида ба Рӯзи синамои рус ва 60 солагии когардон баргузор мегардад.

Тамошобинонро бо синамои "Презумпция согласия", ки соли 2011 ба навор гирифта шуда, ҷоизаҳои фестивалҳои машҳурро ба даст овардааст шинос мекунанд. Пас аз ин шоирон, нависандагон ва мунаққидон баромад мекунанд.

Гузашта аз ин барномаҳои консертӣ намоиш дода мешавад.

Фарҳод Абдуллоев санаи 12-уми апрели соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ҳоло коргардон дар Маскав зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Ӯ тақрибан 17 синамо ба навор гирифтааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0