Озмун: Кӣ бештар китоб хонда метавонад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкКитобҳои кӯдакона. Акс аз бойгонӣ
Китобҳои кӯдакона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чорабинӣ байи кӯдакон ва наврасон таҳти шиори “Китоб- дӯсти беҳтарин” баргузор мегардад. Давраи аввал дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар баргузор мегардад, давраи ниҳоӣ бошад дар пойтахт.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Китобхонаи баччагонаи давлатии ба номи Мирсаид Миршакар юа қавонони тоҷик озмун эълон намудааст, хабар медиҳад вазорати фарҳанги ҶТ.

Озмон аз 15-уми сентябр то 24-уми ноябр зери шиори "Китоб- дӯсти беҳтарини ту" давом меёбад.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши теъдоди асарҳои нодир дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

"Мақсади асосии чорабинӣ ин ҷалб намудани кӯдакон ва наврасон ба китобхонӣ, барқарор кардани анъанаҳои пешин, ҷалб намудан ба эҷодиёт, тарбия намудани насли навраси тоҷик бо арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ, бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва инсондӯстии наврасон,  мебошад"-, омадааст дар хабар.

Иштирокчии озмон бояд ба китобхона равад ва ба ҳакамон рӯйхати китобҳои мутоиланамудаашро пешниҳод намояд, аз ҷумла аз эҷодиёти адабиёти классикии тоҷику форс, эҷодкорони муосир,ки васфи ватан мекунанд, ҳамчунин дар рафти озмун хондани чор китоб дар бораи таърих ва фарҳанги Тоҷикистон ва ҷавоб додан ба саволҳои ҳакамон мебошад.

Озмун дар ду давра баргузор мегардад. Давраи аввали интихобӣ дар шаҳрҳо ва ҷумҳуриҳои кишвар баргузор мегардад, давраи ниҳоӣ бошад дар рӯзи ҷашнгирии Рӯзи давлатии парчами Тоҷикистон санаи 24-уми ноябр дар душанбе баргузор мегардад.

Ғолибони озмуни давраҳои "Китобхони беҳтарин", "Китобхонаи беҳтарин", "Оилаи китобдӯстдорон" бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0