Абдуллоев: “Боке нест, ки бинои театри Маяковскиро мебардоранд"

© "Россия для всех" / М. ДушанбееваНамояндаи маркази фарҳанги тоҷикӣ Хуршеда Абдуллоева ва режиссёр Фарҳод Абдуллоев. Акз аз бойгонӣ
Намояндаи маркази фарҳанги тоҷикӣ Хуршеда Абдуллоева ва режиссёр Фарҳод Абдуллоев. Акз аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кинорежиссёри машҳури тоҷикистонӣ Фарҳод Абдуллоев, ки тайи чанд солҳо дар Русия кор ва фаъолият мекунад, чунин баён мекунад, ки театри Маяковскиро дар Душанбе беҳтараш, ки бардоранд, зеро барқарор кардани он мушкил аст.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik, Ангелина Якимчук. Дар Маскав дар китобхонаи Некрасов  вохӯрии дӯстони маркази фарҳангии тоҷикӣ баргузор гардид. Дар он ҷо яке аз меҳмонони даъватии асосӣ режисёр, актёр ва саҳнанавис Фарҳод Абдуллоев ("Чужая игра", "Ловитор", "Папа Гамлета") гардид.

Коргардони кино ба меҳмон ба сифати тӯҳфа филми бори охир ба наворгирифтааш "Презумпция согласия"-ро овард. Дар он масъалаҳои мубрами муайян намудани сарҳадҳои маънавӣ, муносибат ба ҳаёти инсонӣ бардошта мешаванд, ки аз диди муаллиф дар тағйротҳои равонии ҷамъияти муосир ба амал омадааст.

Тамоми масъаларо пул ҳал мекунад

Пас аз нишон додани саҳнаи худ, коргардон бо лутф розӣ шуд, ки бо мухбири Sputnik Тоҷикистон сӯҳбат кунад. Ба гуфтаи Абдуллоев, ҳоло синамои Русия пурра аз маблағ вобаста шудааст.

"Бояд муносибати худро ба маблағ дигар кард ва ба озмун танҳо саҳнаҳоро равон кард. Ҳоло ба  филмсозон он қадар коргардонҳо ҳам лозим нестанд, дар наворҳо чеҳраҳо дигар мешаванд,  аммо ҳамон як мабда боқӣ мемонад",- мегӯяд коргардон.

Худ ӯ аллакай қарор додааст,ки  танҳо барояш чизи ҷолибро ба навор хоҳад гирифт.

"Ман фақат чизеро ба рӯи навор хоҳам овард, ки барои ҷамъият муҳим бошад.  Нуқтаи назари асосӣин  на танҳо санъат барои санъатаст, балки санъат барои ҳаёт аст. Аммо бо сабабҳои номаълум имрӯзҳо  ба эҷодиёти ман талабот кам ба назар мерасад. Бештар ба ман мегӯянд, ки ҳоло вақти саҳнаҳои ман нарасидааст. Тамошобин тайёр нест, дар мамлакат ваъият номусоид аст, пардохт карда намешавад. Мумкин, ки баъди 5 ё 10 сол… "

Ӯ изҳор намуд, ки бори аввал ба олами синамо дар синни 7 солагӣ, вақте ки шиноси модараш вайро ба наворгирӣ даъватмекунад, ворид гардидааст. Чуноне ки худи коргардон ифода мекунад:"Чунин бозича ба ман хело писанд омад".

Баъдтар  тайи солҳои зиёд вай фикри киномотограф шуданро мекард ва аллакай баъд аз хатм намудани факултаи таърихи Донишкадаи Тоҷикистон, соли 1984 ба Маскав ба ВГИК (Донишкадаи давлатии соҳаи синамо ба номи С.А Герасимов) омад, ки ӯро ба коргоҳи Таланкин қабул намуданд.

Ҳангоми таълим,  Герасимови машҳур гурӯҳи онҳоро "ситораҳо" ном дода буд. Якҷоя бо Абдуллоев коргардонҳои машҳури имрӯза ба монанди Фёдор Бандарчук, Тигран Кеосаян, Уна Тселма, Иван Охлобистин, Михаил Козирев, Бахтиёр Худойназаров, Мурад Иброҳибеков, Александр Баширов ва дигарон таҳсил менамуданд.

"Онҳо ҳоло ҳокимони ақл мебошанд. Ман барои муваффақиятҳои онҳо хело хурсандам. Боз бароям хело гуворост, ки маҳз ҳаминҳо самти пешравии киномотаграфияро муайян мекунанд. Ман ин дӯстонамро аз назик мешиносам ва ба онҳо боварӣ дорам",-қайд кард, ӯ.

Ҳама чиз тағийрпазир аст

Маълумоти олии якуми Фарҳод Абдуллоев ин таърихшинос мебошад ва бо ин ӯ фахр мекунад. Ба гуфтаи вай маҳз хислати таҳқиқи намудан ва инчунин омӯзиши қонунҳои рушди тамаддунҳо ба саҳнаҳои филмҳои ӯро ғанӣ мегардонанд. Ғайр аз ин маҳз таърихшинос ва драматург метавонад дар умум ба пайдо шудани  саҳнаҳои бемантиқ ва хатогиҳои фач роҳ надиҳад.

Ба он нигоҳ накарда, ки коргардон дар Маскав зиндагӣ мекунад, вай навигариҳои Тоҷикистони азиашро пайгирӣ мекунад. Аз ҷумла вай аз бардошта шудани театри драматургии русии Маяковский нигарон нест.

"Азнавбарқароркунии театр чандин маротиба аз дигар сохтани он қимматтар меафтад. Баъд ҷойгиршавии ин театр ҳам чандон аз рӯйи нақша нест. Ман чунин фикр мекунам, ки ба ҷои вай теари замонавиеро бояд сохт, ки дорои  айвонҳои зебо, тафаққуфгоҳи мошин, қаҳвахона бошад, ба назар арзанда ва пуриқтидор расад"- фикр мекунад Абдуллоев.

Ҳамчунин вай аз муболиға кардани низоҳои байналмиллалӣ нигаронӣ мекунад. Махсусан вақте ки дар Тоҷикистон ягон қонунро қабул мекунанд: масъалан тағийр додани ному насаб.

"Ҳоло қонуни дигаргун намудани ному насабро ворид намудаанд- ин як чизи оддӣ аст. Ҳеҷ кас дар замони Шӯравӣ гурҷӣ ё прибалтикиҳоро барои нигоҳ доштани номҳои миллиашон сарзаниш накарда буд. Ман фикр мекунам, ки аз ин масъала низои байналмиллаӣ сохтан- аблаҳист",- эълон намуд коргардон.

Фарҳод Абдуллоев пинҳон намекунад, ки Русияро  дӯст медорад. Вай чунин меҳисобад, ки ин кишвар барои тамоми ИДМ ва Шарқи наздик маркази рӯҳонӣ аст.

Имсол Абдуллоев 60-солагии зодрӯзи хешро қайд мекунад. Аммо вай на бар шумора аҳамият медиҳад, балки натиҷаро ба назар мегирад. Умед дорем, ки ба наздикӣ ҳаводорони санъати Абдуллоев эҷодиёти тозаи ӯро мебинанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0