Дар пойтахти шимолии Русия оши палави ҳақиқии тоҷикӣ тайёр шуд

© Фестиваль "Культ плова"Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии "Маззаи палав" баргузор гардид
Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии Маззаи палав баргузор гардид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фестивали хӯроки асосии Осиёи Маркази бисёре аз истиқоматкунандагони шаҳри Санкт-Петербургро бо дегҳои калонаш ба худ ҷалб намуд. Тамоми меҳмонон маззаи оши палавро чашиданд.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik.  Рӯзҳои истироҳатии гузашта дар Санкт-Петербург фестивали хайриявии "Маззаи палав" баргузор гардид.

Ошпазони Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба ин чорабинӣ бо дегҳои калони худ омаданд ва меҳмонони фестивалро дар саҳнаи кушод ҳам бо тарзи ош пухтан шинос намуданд ва ҳам бо оши палав таъмин карданд.

"Имрӯз мавзӯи асосӣ —  тайёр намудани оши палав буд. Ҳама аз саҳарии барвақт дар ҷустуҷӯи оши палав буданд, аз пайи накҳати он мерафтанд ва нақлҳои ошпазонро бодиққат гӯш мекарданд. Ҳар кас кӯшиш мекард, ки ба дегҳои сеҳрнок наздиктар ояд ва чӣ гуна тайёр шудани палавро бубинад. Ҳама интизор мешуданд, ки оши палав кай тайёр мешавад, пас он саросемавор  ош гирифтанд. Вақте ки оши палав тайёр шуд ҳамагон хурсанд шуданд, вақте ки он тамом шуд ҳама ғамгин метофтанд. Ба як сахан, ин чорабини дар ҳақиқат Маззаи Палав буд ва мо хело хурсандем, ки ба истиқоматкунандагони пойтахти шимолӣ чунин иди болаззат тӯҳфа намудем",- мегӯяд ташкилотчии чорабинӣ.

Ҷашнвораи Оши палав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Оши палави тоҷикӣ дар Петербург қариб тайёр шуд

Меҳмонон бо шавқ  тарзи тайёр шудани палавро тамошо мекарданд, аз ошпазон тарзи тайёр намудани палавро мепурсиданд ва пас аз тайёр шудани он бо иштиҳо онро истеъмол намуданд.

"Ман намедоонистам, ки палав ҳар хел мешудаасту ҳар гуна тайёр карда мешадааст. Ошпазон мӯъҷиза нишон доданд",- мегӯяд Олга Анисимова, яке аз меҳмонони ҷашнвора.

Ба гуфтаи ташкилкунандагони чорабинӣ, онҳо ин гуна зиёд омадани меҳмононро чашмдор набуданд. Одамон аз ноҳияҳои гуногуни шаҳр, наҳияҳои ҳамсоя меомаданд, истиқоматкунандагони ноҳияи Рибатсикй аз оинаҳои хеш ин чорабиниро тамошо мекарданд.

Ба гуфтаи ташкилотчии "Маззаи палав" дар Санкт-Петербург Марина Чернишова Мелник фестивалро махсус дар ноҳияи атроф ташкил намуданд, то одамон тавонанд ҷамъ оянд.

© Фестиваль "Культ плова"Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии "Маззаи палав" баргузор гардид
Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии Маззаи палав баргузор гардид - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии "Маззаи палав" баргузор гардид
© Фестиваль "Культ плова"Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии "Маззаи палав" баргузор гардид
Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии Маззаи палав баргузор гардид - Sputnik Тоҷикистон
2/4

3/4
Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии "Маззаи палав" баргузор гардид
© Фестиваля "Культ плова" Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии "Маззаи палав" баргузор гардид
Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии Маззаи палав баргузор гардид - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии "Маззаи палав" баргузор гардид
1/4
Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии "Маззаи палав" баргузор гардид
2/4
Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии "Маззаи палав" баргузор гардид
3/4
Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии "Маззаи палав" баргузор гардид
4/4
Дар Санкт-петербург фестивали хайриявии "Маззаи палав" баргузор гардид

"Ин ҷо боҳузур аст ва ба ҳама ҷой мерасад, аммо дар бораи боғ ва соҳилҳо  танҳо истиқоматкунандагони ноҳия медонистанду халос. Рӯзи шанбе бисёре аз истиқоматкунандагони шаҳр бо баҳонаи оши палав аз ин минтақа низ дидан намуданд",- гуфт ӯ.

Фестивали "Маззаи палав" аз тобистони соли 2015 дар Маскав сар шуда буд ва дар тамоми Русия паҳн гардид: Санкт-Петербург, Пенза, Киров ва Владимирова. Дар соли 2016 ҳудуди ин фестивал боз ҳам калонтар гардид ва дар 12 шаҳрҳои Русия баргузор шуд, аз ҷумла дар Краснодар, Сочи, Растов-на-Дону, Красноярск ва Навосибирск.

Лентаи хабарҳо
0