Дар Маскав даври ниҳоии лигаи КВН-и Помир баргузор мегардад

Обуна шудан
Дар бозии ҳалкунанда барои шаҳодатнома бо маблағи 100 ҳзр. рубл бозингарони 4 даста мусобиқа мекунанд: “Ширчойиҳо”, “Русмиҷоз”, “Мазҳакаи бадахшонӣ” ва “Наврӯз”.

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Рӯзҳои охири моҳи сентябр дар Маскав даври ниҳоии Лигаи помирии КВН  баргузор мешавад.

Барои ғолибият санаи 25-уми сентябри соли 2016  чор даста мусобиқа мекунанд: "Ширчойиҳо", "Русмиҷоз", "Мазҳакаи бадахшонӣ" ва "Наврӯз".

Як дастаи дигар "Тульский офис 302", ки ба давари ниҳоӣ роҳ ёфта буд, наметавонад дар мусобиқа ширкат варзад.

"Ҳакамони мазҳака  устодон ва мураббиёни азизамон: Самад Мансуров, Абдулсамади Гулмамад, Анзор Назархудоев, Авло Давлатмирова, Селин Заурбеков ва Аслишо Акимбеков мебошанд",- навиштааст дар яке аз сомонаҳои иҷтимоӣ иштирокчии мусобиқа.

Ғолибро 100ҳзр. рубл  мукофотпулӣ ва ҳамчунин унвони дастаи беҳтарини Лигаи КВН-и помирӣ интизор аст.

 

Лентаи хабарҳо
0