22:01 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Намоиши байналмиллалии китоб дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Дар озмуни Иттифоқи нависандагон касе соҳиби ҷои аввал нашуд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
3001

Дар озмуни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти кишвар миёни шоирону нависандагон доир гардид, нафаре соҳиби ҷои аввал нашудааст.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Озмуни шеъру ҳикоя ба муносибати 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, ки миёни шоирону нависандагони кишвар гузаронида шуд ба анҷом расид, хабар медиҳад Ато Мирхоҷа ноиби раиси Иттифоқи нависандагон дар саҳифаи Facebook-и худ.

Китобҳои кӯдакона. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Владимир Астапкович

Бино ба иттилои манбаъ,  дар бахши назм Камол Насрулло бо шеърҳои "Ватани хайру сахо" ва "Истиқлоли мо" ҷойи дуввумро гирифтааст. Абдуллоҳи Раҳнамо низ бо шеърҳои "Ҷойгоҳи Ватан" ва "Ватанро мафурӯш" ба ҷойи дуввуми ин озмун даст ёфтааст.

"Ҷойи аввалро касе нагирифт", қайд кардааст Ато Мирхоҷа дар саҳифаи  Facebook-и худ.

Муҳаммадалии Аҷамӣ, бо  шеърҳои "Садои ҷонбахшои сулҳ" ва "Ватан"-аш ҷои дуввумро гирифтааст.

"Дар бахши наср ҷойи дуюм ба ҳикояи «Оборванная нить»-и Нуриннисо Нуралишоева, ҷойи сеюм ба ҳикояҳои «Дили бача»-и Абдулҳамид Самадов ва «Бозгашт»-и Атахон Сайфуллоев сазовор дониста шуд",-меафзояд манбаъ.

Мавзуъ

Дар Душанбе “Гӯшаи фарҳангии Амрико” дубора фаъол шуд
Барчаспҳо:
бидуни ҷои аввал, анҷоми озмун, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ато Мирхоҷа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ