Баъди Қазон “Коса”-и Муҳиддини Музаффар ба Рим меравад

© Кадр из трейлера фильма "Пиала"Эпизод из фильма "Пиала"
Эпизод из фильма Пиала - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои аввали моҳи сентябр дар Қазон фестивали байналмиллалии кинои мусалмонон баргузор гардид, ки ба он як филми кӯтоҳмуддати тоҷикӣ низ роҳ ёфт. Филми “Коса”-и Муҳиддини Музаффар ба воситаи фестивали мазкур се роҳхат ба фестивлҳои байналмиллалӣ ба даст овард.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Филми кӯтоҳмуддати «Коса», ки тавассути Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо коргардонии Муҳиддини Музаффар ба навор гирифта шудааст, дар Қазон се роҳхатро ба фестивалҳои байналмиллалӣ  ба даст овард,  қайд мекунад  хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

"Тавре, ки  қаблан маълум гардид,  филми мазкур ба фестивали байналмилалии  Лондони Британияи Кабир даъват шудааст. Илова бар ин филми "Коса" ба ду фестивали байналмилалӣ,  ки дар Рими Италия  ва Даккаи Бангладеш доир мешаванд, даъват шуд"- менависад манбаъ.

Муҳиддин Музаффар. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коргардон Муҳиддини Музаффар: ширкат дар фестивал бароям ғолибият аст

Муассисаи давлатии «Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд таъсис ёфта, давоми як сол се филм- филми ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун», филми кӯтоҳмуддати «Коса» ва филми бадеии «Дувоздаҳ соли интизорӣ»-ро ба навор гирифтааст.

Хотиррасон мекунем, ки коргардон Муҳиддини Музаффар рӯзҳои наздик ба сабти филми дарозмуддати дигар бо номи "Тангно" аз рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон дар шаҳри Панҷакент оғоз мебахшад. Муассисаи давалатии "Суғдсинамо" ба нақша гирифтааст, ки аллакай аз моҳҳои аввали соли оянда сар карда, филми тазае бо номи "Вақте, ки сайёра ранги худро дигар мекунад " сабт менамояд.

Лентаи хабарҳо
0