05:54 28 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Фестивали атлас дар Хуҷанд, Акс аз бойгонӣ

Дар вилояти Суғд фестивали атласу адрас баргузор мегардад

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
22 0 0

Бофандаҳои атлас аз рӯи панҷ бахш барои ҷои аввал байни ҳам рақобат хоҳанд кард. Маблағи мукофот аз панҷ ҳазор сомонӣ барои Гран-при то 2 ҳазор сомонӣ барои ҷойҳои намоён.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Моҳи октябр дар вилояти Суғд беҳтарин бофандагони матоҳои миллӣ дар фестивали атласу адрас ҷамъ меоянд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

Ҷашнвора моҳи октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Дар доираи фестивал баргузории озмун аз рӯи бахшҳо: "Либоси беҳтарини кӯдакона", "Либоси хонагӣ", "Либоси расмӣ", "Беҳтарин либоси миллии қадимӣ" ва "Либоси сайру гашт" байни атласбофон дар назар аст.

Ғолибони ҳар бахш бо мукофоти пулӣ ба қадри аз 2 ҳазор сомонӣ то 3 ҳазор қадрдонӣ мешаванд. Гирандаи Гран-при бошад ба гирифтани 5 ҳазор сомонӣ мушарраф хоҳад гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъ, тарғиби истеҳсоли либос аз матоҳои табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза бо истифода аз рамзҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои халқӣ, ҳунар ва фаъолияти занон мебошад.

Соли гузашта низ дар шаҳри Хуҷанд фестивали атласу адрас баргузор шуда буд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин ҷашнвора иштирок карда, ба ҳунари атласбофон баҳои баланд дод.

Лухтак - таджикская кукла Барби
© Sputnik
Лухтак - таджикская кукла Барби

Мавзуъ

Гранти мири Хуҷанд барои дастгирии ҳунарҳои мардумӣ
Барчаспҳо:
5 ҳазор сомонӣ арзиши ҷоиза, бофандаи беҳтарин, адрас, фестивали атлас, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ